Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
Ҷозеф Р. Байден
Президент Байден, қабл аз он ки ба мақоми 47-умин ноиби президенти Иёлоти Муттаҳида интихоб гардад, дар муддати 36 сол дар Сенати ИМА аз иёлати Делавэр намояндагӣ кардааст. Бо расидан ба мақоми президент, Байден ният дорад, ки Амрикоро аз нав пешсаф намояд ва ҷомеаҳои моро боз ҳам мукаммалтар гардонад.
Ҷозеф Робинетт Байдени хурдӣ дар Скрантони иёлати Пенсилвания ба дунё омадааст. Ў фарзанди аввалин, аз байни чаҳор фарзанди Катрин Юҷиния Финнеган Байден ва Ҷозеф Робинетт Байдени калонӣ буд. Соли 1953, оилаи Байденҳо ба Клэймонти иёлати Делавэр кӯчид. Президент Байден Донишгоҳи Делавэр ва факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Сиракузро хатм карда ва, сипас, дар Шӯрои округи Ню-Касл ифои вазифа намудааст.