Миёни ИМА ва Тоҷикистон муносибатҳои пуёӣ ва мустаҳкам густариш ёфтаанд. Ҳар ду давлат ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ дар Тоҷикистон ва таъмини субот дар Афғонистон, мубориза алайҳи терроризм ва пешгирӣ намудани интиқоли маводи мухадир ба монанди афюн ҳамкорӣ менамоянд.
ИМА 25-уми декабри соли 1991 баъди он, ки Президент Ҷорҷ Буш дар паёми худ ба мардум дар бораи пош хурдани Иттифоқи Советӣ эълон намуд, истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф кард. Муносибатҳои дипломатӣ 19 феврали соли 1992, баъди эълони қарори мазкур дар изҳороти матбуотӣ, таъсис ёфтаанд. Фаъолияти сафорати ИМА дар Душанбе 13 марти соли 1992 таҳти роҳбарии кордори Сафорат Эдмунд Маквиллиамс оғоз гардид.
Дар баробари пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муносибатҳои дуҷониба боз ҳам густариш ёфтанд. Дар тўли 29 соли сипаришуда, Иёлоти Муттаҳида беш аз 1.8 миллиард доллар ба рушди Тоҷикистон ҷудо намудааст. Таҳти роҳбарии сафир Ҷон Марк Поммершайм дастгирии Сафорат дар самти ҳамкорӣ дар соҳаи амният, ислоҳоти васеъи демократӣ ва иқтисодӣ, ки ба ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат менамоянд, ва таъмини сулҳу суботи мунтазам то ҳол ҳам идома меёбад.
Сафирони ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон:
16 марти соли 1992 ваколадори корҳои сафорат Эдмунд МакВиллямс ба таври расмӣ сафоратхонаи муваққатии ИМА дар Душанберо ифтитоҳ кард.
Стенлӣ Т. Эскудеро
Аз апрели соли 1992 то марти соли 1993 – ваколатдори корҳо. Дар марти соли 1993 эътиборномаи худро ба раиси Шўрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмонов супорид. Аз марти соли 1993 то июни соли 1995 – сафири фавқулодда ва худмухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Р. Грант Смит
10 майи соли 1995 сафири фавқулодда ва мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд. 31 июли 1995 ў эътиборномаи худро ба президент Эмомалӣ Раҳмонов супорид. Дар моҳи августи соли 1998 ваколатҳои худро супорид.
Роберт Патрик Ҷон Финн
22 октябри соли 1998 сафири фавқулодда ва мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд. 11 моҳи ноябри 1998 ў эътиборномаи худро ба президент Эмомалӣ Раҳмонов супорид. Дар моҳи июли 2001 ваколати ў хотима пазируфт.
Франклин Пиерс Ҳаддлеи хурдӣ
22 июни соли 2001 сафири фавқулодда ва мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд. 26 октябри 2001 ў эътиборномаи худро ба президент Эмомалӣ Раҳмонов супорид. Дар моҳи октябри 2003 ваколати ў ба охир расид.
Ричард Е. Ҳогланд
16 октябри соли 2003 сафири фавқулодда ва мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд. 24 ноябри соли 2003 ў эътиборномаи худро ба президент Эмомалӣ Раҳмонов супорид. Дар моҳи августи соли 2006 ваколатҳои ў хотима ёфт.
Трейси Анн Ҷекобсон
11 августи соли 2006 сафири фавқулодда ва мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд. 5 сентябри соли 2006 ў эътиборномаи худро ба президент Эмомалӣ Раҳмонов супорид. Дар моҳи августи соли 2009 ваколатҳои худро супорид.
Кеннет Э. Гросси хурдӣ
12 августи соли 2009 сафири фавқулодда ва мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд. 2 окябри соли 2009 ў эътиборномаи худро ба президент Эмомалӣ Раҳмонов супорид. Дар моҳи июли 2012 ваколати ў ба охир расид.
Сюзан М. Эллиотт
20 сентябри соли 2012 сафири фавқулодда ва мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд. 19 октябри соли 2012 ў эътиборномаи худро ба президент Эмомалӣ Раҳмон супорид. Дар моҳи сентябри 2015 ваколати ў ба охир расид.
Элизабет И. Миллард
20 январи соли 2016 сафири фавқулодда ва мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд. 12 марти соли 2016 ў эътиборномаи худро ба президент Эмомалӣ Раҳмон супорид. Дар моҳи августи 2017 ваколати ў ба охир расид.
Ҷон Марк Поммершайм
9 январи соли 2019 сафири фавқулодда ва мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд. 18 марти соли 2019 ў эътиборномаи худро ба президент Эмомалӣ Раҳмон супорид.
Мануэл П. Микаллери хурдӣ
13 декабри соли 2022 сафири фавқулодда ва мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд. 9 марти соли 2023 ў эътиборномаи худро ба президент Эмомалӣ Раҳмон супорид.