Чун ҷузъи ӯҳдадориҳои мо дар назди мардуми Амрико ва дар доираи афзалиятҳои сиёсии Президент, сафорати Амрико дар Тоҷикистон арзишҳо ва манфиати Амрикоро густариш медиҳад. Ҳадафи сафорат – таҳкими сулҳу субот, мусоидат ба рушди иқтисод, таъмини идоракунии самаранок, густариш додани соҳаи тандурустӣ ва маориф дар ҷомеаи тоҷик ва таҳким бахшидан ба ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод миёни Иёлоти Муттаҳида ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.