Сафир Мануэл Микаллер

Сафир Мануэл Микаллер

Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафир Микаллер, корманди аршади Хадамоти хориҷии ИМА бо рутбаи вазир-мушовир, 22 июни соли 2022 ба вазифаи сафири ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда, аз ҷониби Сенати ИМА 13 декабри соли 2022 тасдиқ карда шуд. Ӯ 23 феврали соли 2023 вориди Тоҷикистон шудааст.

Ҷаноби Микаллер аз соли 2019 то 2022 ба ҳайси муовини роҳбари намояндагии Сафорати ИМА дар ш. Катмандуи Непал кор кардааст.  Аз соли 2016 то соли 2019 муовини роҳбари намояндагии сафорати ИМА дар ш.Улан-Батори Муғулистон буд.  Қаблан ӯ муовини директори Дафтар оид ба масоили Ҳиндустон дар Бюрои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ (SCA) буд; баъд аз он ба ҳайси мудири шӯъбаи сиёсӣ ва иқтисодӣ, баъдан иҷрокунандаи вазифаи муовини роҳбари намояндагӣ дар ш. Душанбе, Тоҷикистон; корманди калон оид ба масоили иқтисодӣ дар Идораи минтақавии Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ (SCA) ва муовини сардори шӯъбаи иқтисод дар ш. Работ, Марокаш, кор мекард. Ӯ дар Маркази амалиёти Департаменти давлатӣ ва Котиботи иҷроия дар ш. Маскави Русия ва ш. Ашқободи Туркманистон кор кардааст.  Вай инчунин дар ширкати Tyco International ба ҳайси ходими дипломатии Шӯрои иҷроияи Лоуренс С. Иглбургер кор кардааст.

Сафир Микаллер дорои дараҷаи бакалаври Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, дараҷаи магистр дар соҳаи идоракунии соҳибкории Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон ва хатмкардаи аълои Коллеҷи Ҷанги Миллӣ бо дараҷаи магистр дар стратегияи амнияти миллӣ мебошад.  Донандаи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мебошад.