Муовини роҳбари намояндагӣ Кэрри Ли

Кэрри Ли
Муовини роҳбари намояндагӣ

Кэрри Ли, муовини Роҳбари намояндагии сафорати ИМА дар Душанбе, Тоҷикистон мебошад. Ӯ моҳи августи соли 2023 ба Душанбе омад.

Қабл аз ин таъинот, Кэрри дар Сингапур ва Франкфурти Олмон ба ҳайси корманди бахши равобит бо ҷомеа кор мекард. Ӯ муовини Директори дафтари кор бо хатмкунандагон дар Вашингтон буд, ки ҳамкориро бо хатмкунандагони барномаҳои мубодилаи аз ҷониби ҳукумати ИМА маблағгузоршаванда дастгирӣ мекард.. Илова бар ин, Кэрри дар Котиботи иҷроияи Департаменти давлатӣ ба ҳайси корманди кадрҳо ва оид ба пешбарии фаъолияти Котиби давлатӣ кор кардааст.

Аз замони корманди Хадамоти хориҷӣ шудан, ӯ дар чанд вазифаҳои дигари байналмилалӣ кору фаъолият кардааст. Вазифаи аввалини ӯ дар шаҳри Панама Ситии Панама буд, ки дар он ҷо дар шӯъбаи консулӣ ва ҳамчун корманди гузоришдиҳӣ дар бахши сиёсӣ кор кардааст. Баъдан Кэрри дар Тошканди Узбакистон ба ҳайси корманди умури фарҳанг кор мекард ва дар он ҷо барномаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва мубодилаи Амрикоро назорат мекард. Сипас ӯ корманди равобит бо ҷомеа ва ҳамчун консул дар шаҳри Минск (Беларус) кор кардааст.

Кэрри дараҷаи бакалаврро дар соҳаи сиёсатшиносӣ ва адабиёти олмонӣ дар Донишгоҳи Калифорния ва дараҷаи магистрро дар соҳаи равобити байналмилалӣ дар Донишгоҳи Ҷорҷтаун гирифтааст. Забонҳои олмонӣ, испанӣ, чинӣ (мандарин), ӯзбекӣ, русӣ ва тоҷикиро омӯхтааст.