Барномаи Online Professional English Network (OPEN)

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон барои иштирок дар Барномаи Online Professional English Network (OPEN) барои бахори соли 2021, дархост қабул менамояд. Барномаи OPEN курсҳои 8 ҳафтаинаи такмили ихтисосро барои  омӯзгорони забони англисӣ, ки аз ҷониби донишгоҳҳои ИМА дар мавзӯъҳои: англисӣ ҳамчун воситаи омӯзиш (EMI), мусоидат ба ҳавасмандӣ ва ҷалби донишҷӯён (FSME), методикаи TESOL, такмили ихтисос барои омӯзгорон ва ҳамгироии тафаккури интиқодӣ дар синф, омода гардидааст,пешниҳод менамояд.

Дархости худро то 31 декабри соли 2020 пешниҳод намоед, то дар курсҳое, ки баҳори соли 2021 оғоз меёбад, баррасӣ карда шавад. Шаҳодатномаҳо ва нишонаҳои рақамӣ аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА барои ҳамаи омӯзгороне, ки аз курс мегузаранд, дода мешаванд.

Бо саволҳо ба EnglishProgramsDushanbe@state.gov муроҷиат намоед

Aриза (Microsoft Word, 86 KB)