Мақолаи публитсистии корманди масоили сиёсӣ бахшида ба Рўзи ҷаҳонии гурезагон

Ҳар сол 20-уми июн тамоми ҷаҳон дар якҷоягӣ рўзи шуҷоату матонати гурезагонро, ки ба иллати ҷангу даргириҳо ва таъқибу тавҳин маҷбур ба тарки манзилу ватани хеш шуданд, эътироф менамояд.  Ин рўз ҳамчунин фурсатетст, ки дар бораи ҳиссагузориҳои гурезагон дар ҷомеа ва ё кишваре, ки онҳоро истиқбол гирифтааст, андешаронӣ намоем.  Ин рўз барои ман рўзи хос аст, ки мисли дигар рузҳои оддӣ нест.  Бо Рўзи ҷаҳонии гурезагон таърихи оилааам низ қайд карда мешавад.  Ин ҷашни он аст, ки чаро имрўз ман дар ин ҷо, дар Тоҷикистон, ба кишвари худам – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хизмат мекунам ва ба сифати дипломат адои вазифа менамоям.

Ман дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон ба дунё омадам – ин айёме буд, ки Иттиҳоди Шўравӣ пош хӯрд ва Озарбойҷон ба сўи истиқлолияти худ роҳ мепаймуд, аммо дар пеш даҳшати ҷанги шаҳрвандӣ намудор буд.  Модарам, ки ба ҳайси ёрдамчии духтур ифои вазифа мекард, аз ҷои кор маҳрум гашт, азбаски сардораш амниятро барои ў кафолат дода наметавонист.  Корхонаи падарам вайрон карда шуд ва ҳамин тавр падару модарам бо ду тифли хурдсол, бе сарчашмаи даромад монданд.  Вазъият дар Боку то рафт хатарнок ва бесубот мегардид ва падару модарам чизу чораашонро ҷамъ намуда, ман ва хоҳари сесолаамро бо худ гирифта, аз Озарбойҷон фирор намуданд.

Ин аризаи мани дусола, ки шахси бешаҳрвандӣ маҳсуб меёфтам
Ин аризаи мани дусола, ки шахси бешаҳрвандӣ маҳсуб меёфтам

Падарам дар Маскав аз шаҳрвандиамон даст кашида, тариқи Созмони байналмиллалии муҳочират ба Ҷамъият оид ба кўмак ба яҳудиёни муҳоҷир (HIAS) муроҷиат намуд, то ки ба мо барои кўч бастан ба Австрия кўмак кунанд.  Дар роҳ ба сўи Вена моро ғорат карданд.  Вақте ки ба ҷои таъйиншуда расида омадем, мо як ҷомадон ва камтар аз 1000 доллари амрикоӣ барои пеш бурдани ҳаёти чаҳор нафар дар ихтиёр доштем.  Ниҳоят, пас аз он ки мо ба тафсил мавриди муоинаи тиббӣ ва тафтиши бозрасии хадамоти амниятӣ қарор гирифтем, оилаи моро ба Неттунои Итолиё равона карданд, то ки дар он ҷо гирифтани мақоми гурезаро аз Иёлоти Муттаҳида мунтазир шавем.  Вақте ки ман ҳаштмоҳа будам, оилаам мақоми паноҳандагӣ гирифта ба «замини имкониятҳо» роҳхат гирифт, ин як ибораест, ки барои волидони ман ҳамчун «клише», яъне як ибораи калидӣ ба ҳисоб мерафт.

Вақте ки мо вориди қаламрави ИМА шудем, оилаи амрикоие, ки бо мо ҳеҷ рабту иртибот надошт, таклиф намуд, ки моро сарпарастӣ кунад.  Дар гузашта аҷдодони онҳо низ гуреза будаанд.  Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико диплом ва унвонҳои илмии шўравӣ эътироф намешуданд, бинобар ин падару модарам зиндагиро аз сифр шурӯъ намуданд.  Модарам ба сифати хизматгорзан ба кор даромад ва ҳамзамон барои дарёфти унвони бакалавр таҳсил мекард.  Падарам ба сифати ронандаи такси ва таъминкунандаи питзо масруфи кор гардид ва ҳамзамон дар курси барномарезии компютерӣ мехонд.  Вақте ки модарам дар муассисаи таълимӣ дарс мехонд, падарам моро нигоҳубин мекард.  Соли 1996 оилаи мо ба шаҳрвандии ИМА шарафёб гардид.

Ман мушоҳида мекардам, ки волидонам дар якчанд ҷойҳо кор мекарданд, бисёр меҳнат мекарданд, то ки «ба фарзандонашон ҳаёти беҳтарро таъмин кунанд» – ин суханони маъмули тамоми волидони муҳоҷир дар Амрико буданд ва маҳз хамин суханон маро ҳанўз дар ибтидо талқин намуданд, ки соҳиби маълумот шудан – чиптаест барои ворид шудан ба ояндаи пур аз комёбиву муваффақиятҳо.  Намунаи ҳаёти онҳо барои ман ибратбахш ва манбаи доимии ҳавасмандӣ ва рўҳбаландӣ маҳсуб меёфт.  Вақте ки ман ба коллеҷ дохил шудам, ба соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ мароқи зиёд доштам, махсус он рўйдодҳоеро, ки оилаи маро маҷбур сохтанд Озарбойҷонро тарк гўянд, мехостам амиқ дарк намоям.  Соҳаи асосии таҳсилоти ман муносибатҳои байналхалқӣ ва адабиёт буданд, инчунин бо омўзиши Осиёи Марказӣ машғул шудам.  Пас аз хатми таҳсилот ман ба стипендияи Фулбрайт шарафёб гардида, барои таълим додани забони англисӣ ва пажўҳиши масоили муҳоҷират ба Озарбойҷон фиристода шудам.  Ҳамин тариқ, ман баргаштам ба кишваре, ки як вақтҳо аз он фирор карда будам, вале ин дафъа ман ҳамчун шаҳрванди Амрико ба он ҷо омадам.

Дар давоми фаъолиятам дар Озарбойҷон ман масъулияти содиқона хизмат кардан ба кишвари худ ва миннатдор будан барои ҳамаи он имкониятҳое, ки кишварам барои ман ба хотири ноил шудан ба ҳаёти беҳтар мусоидат кардааст, дарку эҳсос намудам.  Он вақт ман дарк кардам, ки ба кадом миллат таалуқ доштанам чандон аҳамият надорад ва мероси милливу фарҳангии ман барои амрикоӣ буданам ба ҳеҷ ваҳҷ монеагузор нест.  Ба ҷои ин, хусусияти фарқкунандаи ман ба ман имконият дод, ки ҳамчун «пули фарҳангӣ» хизмат кунам, яъне пуле, ки Шарқ ва Ғарбро бо ҳам мепайвандад – ин аст мисоли равшани имкониятҳое, ки Амрико пешкаш менамояд, ва инчунин маҷмўи арзишҳо ва идеалҳое, ки вайро ва маро ташаккул додаанд.  Вақте ки мудири шӯъбаи робита бо ҷомеа дар Сафорати ИМА дар Боку ба ман дар бораи фаъолияти Хадамоти дипломатӣ нақл кард ва пешниҳод намуд, ки ман барои дарёфти кор дар ин ниҳод ариза ироя кунам, шодию хурсандии ман ҳадду канор надошт, чунки кор кардан дар Департаменти давлатии ИМА барои ман мояи ифтихор ва шараф буд.

Моҳи январи соли 2015 ман дар бинои Департаменти давлатӣ қарор доштам.  Ман рост истода, даст бар сина гузошта, қасам ёд кардам, ки ба сифати дипломат хизмат намуда манфиатҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро чӣ дар дохили кишвар ва чӣ хориҷ аз он ҳифз хоҳам кард.  Аввалин сафари хизматии маро расман эълон намуданд.  Шахси расмӣ ба ман парчами Тоҷикистонро тақдим намуд.  Аҳли оилаи ман дар толор нишаста, бо ҳисси ифтихормандӣ нигоҳ мекарданд, ки чӣ тавр фарзанд ва хоҳари онҳо, ки як вақтҳо шахси бешаҳрвандӣ ва гуреза буд, ҳоло омода аст ба кишвари худ содиқона хизмат намояд ва манфиатҳои кишварашро дар хориҷа муаррифӣ ва ҳифз кунад.

Ба туфайли маҳз ҳамин суннати Амрико, ки муҳоҷиронро истиқбол мегирад ва то ҳадди имкон ба ниёзмандон кўмак мерасонад, ман имрўз дар Тоҷикистон қарор дорам ва барои ин ман ба Амрико ҳамеша миннатдор боқӣ мемонам.  Ду сол мешавад, ки ман дар Тоҷикистон ифои вазифа менамоям ва дар ин муддат ба тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ сафар намудам.  Ба ман муяссар гардид, ки бо шумораи зиёди соҳибкорзанон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ошноӣ пайдо кунам, ҳамчунин ман дар кўлҳои зебову дилрабои ин кишвар шиноварӣ кардам ва ҳатто таомҳои анъанавии миллиро, ба мисоли оши палав ва қурутоб, пухтам.  То ҳол ман зери таассуроти рангину фаромўшношуданӣ аз ин сафари худ қарор дорам.

Азбаски вақти будубоши ман ар Тоҷикистон ба охир мерасад, мехоҳам барои фурсате, ки ба ман барои қисса намудани ҳаёту таҷрибаи амрикоии худ тақдим шуд, миннатдорӣ баён намоям.  Инчунин барои хотироти аҷоиб ва дўстию рафоқататон аз шумо хеле сипосгузорам.  Чуноне ки шоири бузург Мирзо Турсунзода навишта буд:  «Расми хуби тоҷиконро гум макун», ман низ ҳеҷ гоҳ он лаҳзаҳои хотирнишонро, ки дар ин ҷо сипарӣ кардам, ва инчунин меҳмоннавозию некии мардуми тоҷикро фаромўш нахоҳам кард.

Маълумот дар бораи муаллиф:  Эстер Тетруашвили ба ҳайси корманди масоили сиёсӣ дар Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ифои вазифа менамояд.  Ин аввалин сафари хизматии ўст.  Қабл аз шурўъ кардан ба фаъолият дар Департаменти давлатӣ дар соли 2015, Эстер ба ҳайси ёвар дар Миссияи ИМА дар НАТО ва дар Дафтар дар умури Русия ифои вазифа намудааст.  Эстер дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон таваллуд шудааст ва дар Пенсилвания ва Ню-Ҷерсии ИМА ба воя расидааст.  Ў дар Коллеҷи Ню-Ҷерси дар риштаи муносибатҳои байналхалқӣ ва адабиёт таҳсил намуда, таҳқиқот перомуни Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар Маркази Дэвиси Донишгоҳи Ҳарвард гузаронидааст.  Дар вақти холигӣ ў машғули йога мешавад, машқҳои ҷисмонӣ мекунад, хониш ва сӯҳбат бо дўстону аҳли оиларо дўст медорад.