Сафорати ИМА дар Тоҷикистон барои иштирок дар Барномаи Online Professional English Network (OPEN) барои зимистони соли 2022, дархост қабул менамояд. Барномаи OPEN курсҳои 8 ҳафтаинаи
такмили ихтисосро барои омӯзгорони забони англисӣ, ки аз ҷониби донишгоҳҳои ИМА дар мавзӯъҳои:
Англисӣ ҳамчун воситаи омӯзиш (EMI), мусоидат ба ҳавасмандӣ ва ҷалби донишҷӯён (FSME),
методикаи TESOL, такмили ихтисос барои омӯзгорон ва ҳамгироии тафаккури интиқодӣ
дар синф, омода гардидаанд, пешниҳод менамояд.
Дархости худро барои иштирок то санаи 24 октябри соли 2021 пешниҳод намоед, то дар омӯзишҳое, ки зимистони соли 2022 оғоз меёбанд, баррасӣ карда шавад.
Шаҳодатномаҳо ва нишонаҳои рақамӣ аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА барои ҳамаи онҳое, ки омӯзишро бомуваффақият ба охир мерасонанд, дода мешаванд.
Аризаи худро ба EnglishProgramsDushanbe@state.gov равон намоед.
Ариза (Word 86 KB)
Маълумот оиди омӯзиш (Word 111 KB)