Сафорати Амрико барои иштирок дар Барномаи Online Professional English Network (OPEN) барои тобистони соли 2022, дархост қабул менамояд. Барномаи OPEN курсҳои 8 ҳафтаинаи такмили ихтисосро барои омӯзгорони забони англисӣ, ки аз ҷониби донишгоҳҳои ИМА дар мавзӯъҳои: Таҳия ва таълими навишти академӣ, Ташкил ва татбиқи курсҳои онлайн, Ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби донишҷӯён, Забони англисӣ ҳамчун воситаи таълим, Методологияи TESOL, Омӯзиш дар асоси мундариҷа, Интегратсияи малакаҳои тафаккури интиқодӣ ба омӯзиши фарҳангӣ дар забони англисӣ ҳамчун муҳити забони хориҷӣ, Ташкил намудани омӯзишҳои такмили ихтисос барои омузгорони забони англисӣ, Таълими забони англисӣ дар синфҳои ибтидоӣ, Таълими грамматика бо истифода аз усулҳои коммуникатсионӣ, Истифодаи технологияҳои таълимӣ дар дарси забони англисӣ омода гардидаанд, пешниҳод менамояд.
Дархости худро барои иштирок дар омӯзиш то санаи 25 апрели соли 2022 пешниҳод намоед, то дар омӯзишҳое, ки тобистони соли 2022 оғоз меёбанд, баррасӣ карда шавад. Шаҳодатномаҳо ва нишонаҳои рақамӣ аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА барои ҳамаи онҳое, ки омӯзишро бомуваффақият ба охир мерасонанд, дода мешаванд.
Аризаи пуркардаи худро ба EnglishProgramsDushanbe@state.gov равон намоед.
Ариза (Microsoft Word, 94 KB)
Руйхати омӯзишҳо (Microsoft Word, 119 KB)