Барномаи Online Professional English Network (OPEN)

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон барои иштирок дар Барномаи Online Professional English Network (OPEN) тирамоҳи соли 2022, дархост қабул менамояд. Барномаи OPEN курсҳои 8 ҳафтаинаи такмили ихтисосро барои  омӯзгорони забони англисӣ, ки аз ҷониби донишгоҳҳои ИМА дар мавзӯъҳои: ташаккул ва таълими хатти академӣ, таъсис ва татбиқи курсҳои онлайн, мусоидат ба ҳавасмандӣ ва ҷалби донишҷӯён (FSME), методикаи TESOL, таълими грамматика ба таври коммуникативӣ, истифодаи технологияи таълимӣ дар таълими фанни забони англисӣ, такмили ихтисос барои омӯзгорон ва ҳамгироии тафаккури интиқодӣ дар синф, омода гардидаанд,пешниҳод менамояд.

Дархости худро барои иштирок то санаи 18 июли соли 2022 пешниҳод намоед, то дар омӯзишҳое, ки тирамоҳи соли 2022 оғоз меёбанд, баррасӣ карда шавад. Шаҳодатномаҳо ва нишонаҳои рақамӣ аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА барои ҳамаи онҳое, ки омӯзишро бомуваффақият ба охир мерасонанд, дода мешаванд.

Аризаи пуркардаи худро ба EnglishProgramsDushanbe@state.gov равон намоед.

Ариза (Microsoft Word, 86 KB)

Руйхати омӯзишҳо (Microsoft Word, 111 KB)