Мансабдор аз Афғонистон, Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Биё ба Душанбе барои дастгирии Афғонистони минањо-Free

Мансабдорони Афғонистон, Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳида ҷиҳати дастгирии фаъолияти безарарсозии башардӯстонаи минаҳо дар қаламрави Афғонистон рӯзи сешанбе 19 апрели соли 2016 дар шаҳри Душанбе мулоқот намуданд. Мансабдорон, аз ҷумла Вазир оид ба рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва расонидани кӯмаки башардӯстона ва раиси Идораи миллӣ оид ба рафъи оқибатҳои офатҳои табиии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷаноби Аҳмад Бармак Вайс, Сафири ИМА дар Афғонистон Майкл П. Мак-Кинли, муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва намояндаи махсуси роҳбари Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон ҷаноби Мустафа Мастур, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҳусейнов Музаффар ва Сафири ИМА дар Тоҷикистон хонум Элизабет Миллард дар маросими ифтитоҳии семинар оиди ҳамоҳангсозии кӯмаки донорҳо ҷиҳати поксозии қаламрави Афғонистон аз минаҳо суханронӣ намуданд. Дар семинари мазкур намояндагони кишварҳои донор, ки дар соҳаи безараргардонии минаҳо кӯмак мерасонанд, ва инчунин созмонҳои ғайридавлатии миллӣ ва байналмилалӣ, ки лоиҳаҳо оиди безараргардонии башардӯстонаи минаҳо дар Афғонистон амалӣ мегардонанд, иштирок намуданд. Семинар бо дастгирии саховатмандонаи Идора оид ба бартарафсозӣ ва коҳиш додани яроқу аслиҳаи назди Департаменти давлатии ИМА ва бо мусоидати Маркази байналмиллалии Женева оиди безараргардонии башардӯстонаи минаҳо ташкил шуд. Чорабинии мазкур ба иштирокчиёни даъватшуда имкон дод, ки вазъи кунунии маблағгузории лоиҳаҳои безараргардонии минаҳоро дар Афғонистон таҷдиди назар карда, он соҳаҳоеро, ки маблағгузории иловагиро металабад, муайян кунанд. Ҳадаф аз баргузории семинар таҳкими робитаҳо байни ҷомеаи байналмиллалии донорию шарикони татбиқкунанда ва инчунин мусоидат ба мубодилаи афкор дар атрофи чолишу имкониятҳои маблағгузорӣ ва татбиқи вазифаҳои ба миён гузошта мебошад.

Ҳукумати Афғонистон ба мушкилоти безараргардонии минаҳо аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва аз ин рӯ дар пеши худ мақсад гузоштааст, ки то соли 2023 тамоми қаламрави кишварро аз минаҳо пок созад. Дар ин хусус Президент Ашраф Ғанӣ аз ҷомеаи байналмиллалӣ даъват намуд, ки барномаҳои безараргардонии минаҳо дар Афғонистонро дастгирӣ кунанд. Поксозии минаҳо барои рушди Афғонистон хеле муҳим буда, бар асари он ҳаёти бисёр касон наҷот меёбад, замин ба таври самаранок истифода бурда мешавад, ҷойҳои корӣ ташкил мешавад, амният дар минтақаҳо таҳким меёбад, бори гарони муассисаҳои тандурустӣ камтар шуда, ҷомеа мустаҳкамтар мегардад. Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба наздикӣ Аҳмад Бармак Вайсро ба вазифаи вазир оид ба рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва расонидани кӯмаки башардӯстона ва раиси Идораи миллӣ оид ба рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ (ИМРОТ) таъйин намуд. Вазир Аҳмад Бармак Вайс ба фаъолияти Барномаи безараргардонии минаҳо дар Афғонистон (БМА) дар арсаҳои миллӣ ва байналмиллалӣ мусоидат намуда, саъйю талош дорад, ки барномаи мазкур ба пуррагӣ таҳти назорату салоҳияти ҳукумат дароварда шавад. ИМРОТ котибот ва дастгоҳи амалиётии Комиссияи миллӣ оид ба рафъи оқибатҳои офатҳои табиии (КМОТ) Шӯрои байнивазоратӣ мебошад, ки ниҳоди давлатӣ оид ба безараргардонии минаҳо мебошад. ИМРОТ чорабиниҳои безараргардонии минаҳоро дар қаламрави Афғонистон тавассути Идораи ҳамоҳангсозии безараргардонии минаҳо (ИҲБМ) ҳамоҳангсозӣ ва назорат мекунад.

Афғонистон ва Тоҷикистон дар соҳаи безараргардонии минаҳо торафт бештар якдигарро дастгирӣ менамоянд. Шоистаи зикр аст, ки Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо ба баргузории семинар дар шаҳри Душанбе мусоидат намуд. Ҳамкорӣ байни ин ду барномаи безараргардонии минаҳои ҳамчун намунаи ибратбахши ҳамкории муваффақ дар радифи «Ҷануб-Ҷануб» махсусан таъкид шудааст.