Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон озмуни қабули дархостҳоро эълон мекунад, ки мустақиман бо аҳдофи Маркази таъомули ҷаҳонӣ ( GEC ) мутобиқат мекунанд. Тибқи қонун Маркази таъомули ҷаҳонӣ (Global Engagement Center) талошҳои давлати федеролиро барои шиносоӣ, дарк, ифшо ва муқобила бо таблиғоту талошҳои дурӯғпарокании давлатии хориҷӣ ва ғайридавлатӣ бо ҳадафи тазъиф ё таъсиргузорӣ бар сиёсат ва амнияту суботи ИМА, муттаҳидонаш ва кишварҳои шарикро ҳидоят, раҳбарӣ ва ҳамоҳанг мекунад. GEC ҳамчунин равандҳои феълӣ ва дар ҳоли зуҳур дар таблиғоту иттилооти нодурусти хориҷӣ ба манзури ҳамоҳангӣ ва таҳияи усулу равиши ифшо ва муқобила бо таблиғоту иттилооти нодурусти хориҷиро шиносоӣ мекунад. Илова бар ин GEC бо муттаҳидони Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои шарик ба манзури тақвияти талошҳои марказ ва ҷилавгирӣ аз такрор шудани иқдомот, ҳамоҳангсозӣ мекунад. Маркази таъомули ҷаҳонӣ (GEC) аз тариқи шарикони худ барои анҷоми ин ва дигар кору вазифаҳо дар ростои аҳдофи сиёсатҳои муртабит, мушорикат мекунад. GEC дар Иёлоти Муттаҳида кор намекунад.
GEC метавонад аз тариқи ин дархост ба созмонҳои ғайридавлатии амрикоӣ ва хориҷӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ниҳодҳои тиҷоратӣ ҷоиза бидиҳад. Шахсони воқеъӣ, мақомоти ҳокимияти иёлатӣ, ниҳодҳои худидораи маҳалӣ, созмонҳои давлатии хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ наметавонанд дархост пешниҳод кунанд. Қабл аз ирсоли дархост довталабон бояд итминон ҳосил кунанд, ки ҳаққи дарёфти грант ва ё шартномаи ҳамкориро доранд ва омода ҳастанд то шарту талаботи 2 CFR 200 ва 2 CFR 600-ро риоя кунанд. GEC дархостҳоро сарфи назар аз нажод, қавмият, ранги пӯст, дин, миллат, вазъияти иҷтимоӣ, ҷинс, гароиши ҷинсӣ, син ё маҳдудиятҳои ҷисмонӣ қабул мекунад.
Озмун дар як давр баргузор хоҳад шуд. Довталабон пешниҳоди мукаммалеро ироа мекунанд, ки тамоми ҳадафҳои барномаро дар бар мегирад. Пешниҳодоти дарёфтшуда бо диққат аз сӯи комиссия арзёбӣ ва баҳогузорӣ мешавад. Зимни баррасии пешниҳодот мутобиқати он бо аҳдофи барнома ва ҳамчунин тавонмандиҳои довталаб барои расидан ба натиҷаҳои матлуб дар назар гирифта мешавад. Ҳадди ниҳоии ҷоиза $500,000 аст. Мӯҳлати ирсоли пешниҳодҳо то 31 декабри соли 2021. Лутфан пешниҳодҳои такмилшударо ба нишонии GEC-Programs@state.gov ва GrantProposalsDushanbe@state.gov ирсол кунед.
Иттилооти бештарро метавонед бо ин нишонӣ дарёфт кунед: https://www.grants.gov/web/grants/search-grants.html?keywords=SFOP0007826