Эълон дар бораи имконияти маблағгузорӣ: Баланд бардоштани тамомияти молиявӣ ва таҳкими субот ва фарогирии молиявӣ дар Тоҷикистон

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе оид ба имконияти маблағгузорӣ (NOFO) барои дастгирии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар давом додани таҳкими назорати молиявии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм эълон менамояд. Ин барнома инчунин барои таъмини БМТ бо фишангҳои асосии пулие, ки он бахри таъмини рушди иқтисодӣ ва субот эҳтиёҷ дорад, равона шудааст. Ғайр аз ин, ин барнома ҳадафи БМТ-ро дар самти барқарор кардани муносибатҳои муросилотии бонкӣ бо ИМА ва бонкҳои Аврупо ва диверсификатсияи бахши молиявии Тоҷикистонро ба мисли бозорҳои ғарбӣ дастгирӣ мекунад.

Амалкунанда бевосита бо Бонки миллии Тоҷикистон, шарики боэътимоди ислоҳот дар бахши бонкии Тоҷикистон, барои пешгирии қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои пулӣ, пешгирии маблағгузории терроризм, таҳкими суботи молиявӣ ва густариши шомилшавии молиявӣ дар Тоҷикистон кор хоҳад кард. БМТ барномаҳои зиёди техникии аз ҷониби донорҳо маблағгузоришударо амалӣ мекунад, аз ин рӯ татбиқкунанда бояд дар ҳамоҳангӣ бо дигар донорҳо кор кунад, то такрори кӯшишҳо пешгирӣ карда шавад.  

Мӯҳлати пешниҳоди дархостҳо: 10 июли соли 2020.

Барои саволҳои иловагӣ оид ба ин грант, лутфан ба DushanbePolEconGrant@state.gov  муроҷиат кунед.

Раванди супоридани ҳуҷҷатҳо: