Душанбе, Тоҷикистон, 11 декабри соли 2020 — Рӯзи 28-уми сентябр Кит Симмонс ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи Директори нави намояндагии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон дар сафорати ИМА дар Душанбе ба фаъолият оғоз намуд. Таъсиси миссияи алоҳидаи USAID дар Тоҷикистон аз таҳкими шарикии Иёлоти Муттаҳида бо мардуми тоҷик ва дастгирии рушд дар саросари кишвар шаҳодат медиҳад.
Омадани ҷаноби Симмонс бо оғози якчанд лоиҳаҳои нави USAID ба маблағи умумии тақрибан 100 миллион доллари ИМА дар соҳаҳои кишоварзӣ ва идоракунии замин, обтаъминкунӣ, маориф, тандурустӣ ва ғизо дар Тоҷикистон рост меояд.
Дар Тоҷикистон USAID фаъолияти минтақавӣ ва дутарафаи рушдро дар соҳаҳои кишоварзӣ, савдо, энергетика, идоракунии об, ғизо, тандурустӣ, маориф, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва идоракунӣ амалӣ менамояд. Буҷаи умумии барнома тақрибан 40 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Ҷаноби Симмонс дар соҳаи рушди байналмиллӣ бо USAID, Департаменти давлатии ИМА ва Корпуси Сулҳи ИМА таҷрибаи беш аз 40-солаи корӣ дорад. Ӯ дар давлатҳои Аврупо, Авросиё, Африқо ва Осиё кор кардааст. Охиран ӯ дар намояндагии USAID дар Ҳиндустон дар вазифаи директори намояндагӣ фаъолият мекард.
Видеои муқаддимавии Иҷрокунандаи вазифаи директори USAID дар Тоҷикистон Кит Симмонсро метавонед аз торнамои Youtube пайдо кунед: https://youtu.be/Z72EHLfF5zw