11-уми марти соли ҷорӣ маросими супоридани эътимодномаи Сафири Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон хонум Элизабет Миллард ба Президент Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Пас аз маросими мазкур мулоқоти ҷонибҳо доир гардид, ки зимни он роҳҳои боз ҳам пурзуртар намудани ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳида мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Хонум Элизабет Миллард собиқ Сафири ИМА хонум Сюзан Эллиоттро, ки аз соли 2012 то соли 2015 дар Тоҷикистон адои вазифа намуд, иваз кард.
Сафир Элизабет Миллард дипломати ҳирфаии Хадамоти дипломатии олии ИМА аст. Қабл аз таъиншуданаш ба ҳайси Сафир ба Тоҷикистон ӯ аз соли 2013 вазифаи муовини Котиби иҷроияи Департаменти давлатиро ба ӯҳда доштааст.
Хонум Миллард берун аз хориҷи кишвар дар Қазоқистон ба ҳайси муовини роҳбари Сафорати ИМА, Марокаш, Непал, Ҳиндустон, Дания ва Ҷумҳурии Чех адои вазифа намудааст. Дар Вашингтон ӯ ба ҳайси ёрдамчии махсуси Президент ва директори калони Шӯрои амнияти бехатарӣ оид ба масоили Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ фаъолият намудааст.
Видеои муқаддимавии Сафири нави ИМА Элизабет Миллардро метавонед аз торнамои Youtube пайдо кунед: https://goo.gl/azE8Wi
Саҳифаи интернетии Сафир Элизабет Миллард дар Facebook: https://goo.gl/FmqHeO