Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дастаи “Oogway Comics”-и Тоҷикистонро, ки аз ҷониби Идораи миллӣ оид ба аэронавтика ва кайҳонии ИМА (NASA) ғолиби даври нимниҳоӣ дар озмуни ҷаҳонии “Space Apps Challenge” эълон гардида буд, табрик мекунад.
“NASA Space Apps Challenge” бузургтарин ҳакатон дар ҷаҳон мебошад, ки беш аз 5000 дастаро дар зиёда аз 160 шаҳрҳои ҷаҳон фаро гирифтааст. Дар ҷараёни озмуни 2021, ки 2-3 октябри соли ҷорӣ баргузор гардида буд, дастаҳо барои пайдо намудани ҳалли инноватсионнӣ ба бархе аз мушкилиҳои илмӣ бо ҳамдигар рақобат карданд. Маркази амрикоӣ дар шаҳри Душанбе (American Space Dushanbe) ба иштироки 24 дастаи тоҷик дар «NASA Space Apps Challenge”, ки бори нахуст ин барномаро дар Тоҷикистон соли 2020 баргузор намуд, мусоидат кард.
Барои иштирок дар озмуни 2021, дастаи «Oogway Comics» вазифаи сохтани “астероидҳои моҳирона равшаншуда” бар душ гирифта, як китоби комикс ва барномаи мобилиеро таҳия кард, ки ба ҷавонон дар бораи Миссияи «Люси»-и NASA барои омӯхтани астероидҳои троянӣ (боқимондаҳои системаи офтобӣ ) маълумот медиҳад. Бояд қайд кард, ки даста иборат аз чаҳор нафар аст- Тимур Шарифов, Малика Ачилова, Баходур Ишонхочаева ва Шероза Ҷураева. Барои эътироф кардани лоиҳаи дастаи «Oogway Comics» NASA онҳоро ғолиби давраи нимниҳоӣ миёни 37 дастаи дигар интихоб кард. Моҳи декабри соли ҷорӣ, 10 дастаи ғолиб эълон мегарданд. Ғолибон имконият пайдо мекананд, ки ба ИМА сафар карда, дар раванди ба фазо парвоз кардани ракета иштирок кунанд.
Тимур Шарипов, сардори дастаи Oogway Comics, мегӯяд: “NASA Space Apps ба иштирокчиёни тоҷик як имконияти хуберо фароҳам овард, то ин ки истеъдоди худро нишон диҳанд, таълимоти илмиро пеш бурда, бо NASA ҳамкорӣ кунанд.
Директори Маркази амрикоӣ дар шаҳри Душанбе Нилуфар Муродова, ҳамоҳангсози барномаи “NASA Space Apps Challenge” дар Тоҷикистон, гуфт: “Мо аз он шодем, ки бори аввал дастаи тоҷик ғолиби даври нимниҳоии озмуни ҷаҳонӣ гардидааст “Oogway Comics” ягона дастаест, ки аз кишварҳои ИДМ намояндагӣ мекунад. Ин воқеан барои кишвар ва минтақа дастоварди беназир аст.”
Сафири Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм дастаи “Oogway Comics” ва тамоми иштирокчиёни тоҷикро табрик намуда, қайд кард: “ NASA Space Apps Challenge аз ӯҳдадории ИМА дар пешбурди ҳамкориҳои илмӣ бо шарикони ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад. Мо ифтихор аз он дорем, ки Тоҷикистон тавонист исбот кунад, ки насли ҷавон метавонанд дар сатҳи олӣ дар соҳаи илм навоварӣ кунанд”. Муборак бошад, дастаи Тоҷикистон!
Иштироки Тоҷикистон дар “Space Apps Challenge”-и Идораи миллӣ оид ба аэронавтика ва тадқиқи фазои кайҳонии ИМА (NASA) дар Маркази амрикоӣ дар шаҳри Душанбе бо дастгирии молиявии Сафорати ИМА дар Душанбе имкон гардид. Маркази амрикоӣ дар ш. Душанбе дар бинои Маркази тиҷоратии Пойтахт воқеъ дар кӯчаи М. Турсунзода 49, ошёнаи 3 қарор дорад.
Маълумоти муфассалро дар бораи ҳакатон метавонед аз сомонаи зерин пайдо кунед: https://2021.spaceappschallenge.org/locations/dushanbe/
Барои маълумоти бештар метавонед бо Директори Маркази амрикоӣ дар ш. Душанбе Нилуфар Муродова тавассути почтаи электронии: acdushanbe2@gmail.com дар тамос шавед.