Мактуби Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Ҷ. Трамп ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

President of the United States of America Donald J. Trump and President of the Republic of Tajikistan Emomali Rahmon (Image Copyright: www.president.tj)

Муҳтарам ҷаноби Президент,

Боиси хушнудии бузурги ман аст Шумо ва мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи истиқлолиятатон табрик намоям, ки 27-умин солгарди Тоҷикистонро ҳамчун давлати озоду соҳибистиқлол қайд мекунад.

Тӯли ин муддат, Иёлоти Муттаҳида дар ҷониби Тоҷикистон ҳамчун шарик дар беҳбудӣ ва амният қарор гирифт. Алалхусус, дар робита ба ҳамлаи террористӣ, ки тобистони соли ҷорӣ ба вуқӯъ пайваст, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Шумо ҷиҳати ҳамкориҳои мутақобилан судманди мо алайҳи терроризм изҳори сипос менамояд. Мо минбаъд низ ӯҳдадор боқӣ мемонем мубодилаи иттилоотии дуҷонибаамонро тақвият диҳем, то ки чунин ҳодисаи нохуш ҳаргиз такрор наёбад.

Дар ин санаи 9-уми сентябр, мо ба солҳои сипаришудаи шарикиамон ба Шумо сипосгузорем. Ман мехоҳам аз номи мардуми Амрико хоҳиши самимиашонро иброз намоям, ки мо ҳамкориамонро ҷониби Тоҷикистони босубот, гулгулшукуфон ва демократӣ идома диҳем.

Бо камоли эҳтиром,

Доналд Ҷ. Трамп