Изҳороти муштарак дар ҷаласаи вазирони С5+1 дар 76-умин Ассамблеяи Генералии СММ

Матни изҳороти зерин аз ҷониби ҳукуматҳои Ҷумҳурии Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба муносибати ҷаласаи вазирони C5+1, дар ҳошияи иҷлосияи 76-уми Ассамблеяи Генералии СММ.

Оғози матн:
22 сентябри соли 2021 Котиби давлатии ИМА ва вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон вохӯрии омехтаи маҷозӣ ва рӯбарӯ дар формати C5 + 1.баргузор намуданд.

Иштироккунандагон 30 -юмин солгарди истиқлоли кишварҳои Осиёи Марказӣ ва барқарории равобити дуҷонибаи онҳо бо Амрикоро таҷлил намуданд. Онҳо инчунин аҳамияти Платформаи минтақавии дипломатии C5+1-ро бори дигар тасдиқ карданд ва қайд намуданд, ки он ба муколамаи интиқодӣ оид ба ҳамоҳангсозии масоили Афғонистон, COVID-19, пайвастагии иқтисодӣ ва бӯҳрони иқлимӣ дар тӯли 2021 мусоидат кардааст.

Дар ҷараёни Муколамаи вазирон, ки 22 сентябр дар чаҳорчӯби Маҷмаи Умумии СММ баргузор шуд, иштироккунандагон вокуниши C5+1-ро ба таҳаввулоти амниятӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона дар Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои ҳамсоя баррасӣ карданд. Дар вохӯрӣ аҳамияти коҳиш додани бӯҳрони эҳтимолии башардӯстона дар Афғонистон, даъват намудани Толибон ба мубориза бо терроризм, таъмини сафари бехатар барои шаҳрвандони хориҷӣ ва афғонҳое, ки мехоҳанд тарки кишвар кунанд ва ташкили ҳукумати фарогир, ки ба ҳуқуқҳои бунёдӣ эҳтиром мегузорад, бори дигар тасдиқ карда шуд.

Иштирокчиён инчунин аҳамияти дастгирии доимии С5+1 ба мардуми Афғонистон ва истифодаи нерӯи Осиёи Марказӣ ва маҳсулоти дар дохили кишварҳо истеҳсолшуда барои талошҳои ҳамоҳангшуда оид ба расонидани кӯмаки башардӯстона ва амнияти озуқавориро бори дигар тасдиқ карданд. Иштироккунандагони маҷлис бори дигар тасдиқ намуданд, ки ин проблемаҳоро ба таври коллективона ҳал хоҳан кард, то ки минбаъд истиклолият, сохибихтиёрй ва якпорчагии мамлакатхои С5 -ро дастгирй кунанд.