Матни зерин аз ҷониби ҳукуматҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба муносибати мубоҳисаи сатҳи баланди C5+1, ки 21-уми август дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон баргузор шуда буд, нашр гардид.
Имрӯз дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон намояндагони ҳукуматӣ аз кишварҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон бо мақсади баррасӣ намудани масъалаҳои дорои муҳиммияти муштарак дар cоҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амният дар сиғаи C5+1 мулоқот карданд.
Муовини котиби давлатии Амрико оид ба масоили сиёсӣ Девид Ҳейл, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Бейбут Атамқулов, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Абдулазиз Комилов оид ба мавзӯҳои тақвият додани тағиротҳои иқтисодӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ, ҳалли мушкилоти минтақавӣ ва мусоидат ба сулҳ дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон табодули назар карданд.
Иштирокчиён тарафдории худро аз барномаи C5+1 ҳамчун форуми пурарзиш барои баррасии муштарак ва ҳаллу фасли мушкилот ва таҳкими соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва якпорчагии марзии кишварҳои Осиёи Марказиро тасдиқ карданд. Гурӯҳи мазкур ҷаласаи навбатии вазирони C5+1-ро ба нақша гирифта, машғулиятҳои пайвайстаи гурӯҳҳои кории С5+1 дар соҳаҳои амният, иқтисодиёт ва муҳити зистро зикр карданд.