Изҳороти муштарак оиди рӯйдодҳо дар ВМКБ

Намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва Сафоратҳои Фаронса, Олмон, Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз гузоришҳо оиди вазъи муташанниҷ ва даргириҳои хушунатомези дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳори нигаронии амиқ мекунанд.

Мо даъват аз ҳамаи тарафҳо менамоем, то дар роҳи паст намудани шиддати вазъият қуввату ғайрати худро дареғ надоранд, таҳаммул пеша намоянд, инчунин аз истифодаи бемеъёри қувва ва даъват ба зуроварӣ даст кашанд. Мо аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба рӯй меоварем, то бо риояи қатъии волоияти қонун амал намудан, инчунин меъёрҳои эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсонро ҳатто дар ҳолатҳои бӯҳронии марбут ба амният риоя намудан аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъмин карда шавад. Таҳдид ва таъқиби арзшудаи шаҳрвандон ва рӯзноманигорон ва маҳдудияти васеи маъмули дастрасӣ ба иттилоот дурнамои коҳиши босуръати шиддат ва бозгашт ба тартиботи муқаррариро халалдор мекунад.

Аз талафоти ҷонӣ сахт дар таассуф ҳастем ва ба аҳли оилаҳо изҳори ҳамдардии самимӣ менамоем. Ҳамдардии мо ба маҷрӯҳшудагон аз ҷумлаи сокинони маҳаллӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ равона шудааст.

Билохира, мо ҳамаро даъват менамоем, то ба муоширати софдилона ва роҳи зудтари оромии вазъият рӯй биоваранд. – https://europa.eu/!3Mmm6D