Изҳороти муштараки кишварҳои “C5+1” дар конфронси байналмилалии  “Осиё Марказӣ ва Ҷанубӣ: Иртиботи минтақавӣ. Чолишҳо ва имкониятҳо”

ТАРҶУМАИ ҒАЙРИРАСМӢ
16-уми июли соли 2021

Матни изҳороти зерин аз ҷониби ҳукуматҳои Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба муносибати Конфронси байналмилалии “Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: Иртиботи минтақавӣ. Мушкилиҳо ва имкониятҳо ”, ки дар ш. Тошканд, Ӯзбекистон, 15-16 июли соли 2021 баргузор шуд, қабул карда шуд.

Оғози матн:
Ҳайатҳои кишварҳои “C5+1” – Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – дар Конфронси байналмилалии “Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: Иртиботи минтақавӣ. Мушкилиҳо ва имкониятҳо” 15-16 июли соли 2021 иштирок карданд.

Кишварҳои “C5+1” тарафдории худро ба тавсеа додани ҳамкорӣ дар доираи платформаи дипломатии минтақавии мо ва ҷустуҷӯи имкониятҳо барои мустаҳкам кардани робитаҳои мутақобили минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ тавассути робитаҳои тиҷоратӣ, нақлиётӣ ва энергетикӣ тасдиқ мекунанд. “C5+1” эътироф мекунад, ки вусъат додани робитаҳои мутақобил ба ҳадафи муштараки таъмини инкишоф ва амният дар Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад. Ақидаҳои ояндадори рушди иқтисодии Осиёи Марказӣ ва робитаҳои боз ҳам наздиктар бо иқтисодиёти Осиёи Ҷанубӣ ба тақвият додани тарафдории “C5+1” барои таҳкими амният ва субот дар минтақа, аз ҷумла тавассути музокироти сулҳ дар Афғонистон низ мусоидат мекунад.

“C5+1” талош мекунад, ки пешрафти муштаракро, ки аллакай дар соҳаи робитаҳои мутақобил ба даст оварда шуд, ривоҷ диҳад, аз ҷумла тавассути зерин: 

  • навсозии инфрасохтор ва зарфияти транзитии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тавассути татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ;
  • мусоидат ба рушди ҳамкории минтақавӣ ҷиҳати дастгирии робитаҳои фаромарзӣ байни ширкатҳо ва мубодила байни одамон; 
  • такмили робитаҳои мутақобил ва самаранокии бахши энергетикӣ, аз ҷумла барои тавсеа ва ҳамгироии самарабахши манбаъҳои барқароршавандаи энергия;
  • ноилшавӣ ба ва таҳкими ҳадафҳо оиди мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим, сифати ҳаво ва ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об, ва муҳофизати онҳое, ки аз ҷиҳати таъсири тағирёбии иқлим осебпазиртаранд;
  • ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон; идомаи таҳкими волоияти қонун ва идоракунии боинсоф дар асоси арзишҳои умумиинсонӣ ва ҳувияти таърихӣ, фарҳангӣ, тамаддунӣ ва маънавии халқҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ; эҳё кардани робитаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ, ва мусоидат ба ҷалби ҳамаҷонибаи аҳолӣ ба ҳамаи талошҳо барои таъмини рушди устувори иқтисоди минтақа;
  • содда кардани робитаҳои тиҷоратӣ, нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ байни Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, аз ҷумла тавассути Афғонистон;
  • фароҳам овардани шароити устувор ва мусоид, ки ба банизомдарории осоишта дар Афғонистон саҳмгузор бошад, аз ҷумла ба ҳама ҷонибҳо хотиррасон кардани чизҳои зерин: музокироти воқеӣ оиди банизомдарории сиёсӣ таъхирнопазир аст; дар бораи он ки ягона роҳ сӯи сулҳи одилона ва пойдор бо роҳи банизомдарории сиёсӣ тавассути музокирот аст, ки ба сохтани низоми сиёсии фарогир ва эҳтироми ҳуқуқҳои асосии ҳамаи афғонҳо оварда мерасонад; дар бораи он, ки таҳмили зӯроваронаи ҳукумат дар Афғонистон дастгирӣ карда намешавад; ва қатъиян ғайри қобили қабул будани он, ки қаламрави Афғонистон аз ҷониби террористон ва қувваҳои ҷонибҳои сеюм барои таҳдид ё ҳамла ба кишварҳои “С5+1” ё ягон давлати дигар истифода шавад;
  • рушди ҳамкорӣ бо Афғонистон дар самтҳо ба монанди амният, энергетика, иқтисод, савдо, фарҳанг ва ғайра; инчунин
  • ҳамкорӣ дар мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои амнияти минтақавӣ, тараққиёт ва субот.