Сафоратҳои Британияи Кабир, Олмон, Фаронса, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронии қавии худро оид ба мурофиаи судӣ ва ҳукми рӯзноманигори мустақил Хайрулло Мирсаидов баён менамоянд.
Чи тавре, ки дар ВАО гузориш дода шуд, ҷаноби Мирсаидов ба 12 сол маҳкум шудааст. Мо фикр менамоем, ки ин хеле ҷазои вазбин мебошад ва ба ҷинояте, ки ӯ айбдор шудааст мувофиқат намекунад. Ин ҳукм ба озодии cухан ва баён дар Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад ва мо даъват менамоем, ки мақомотҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳукмро аз нав дида бароянд. Аз он нигаронем, ки натиҷаи ин мурофиаи судӣ имконияти ҳамкории моро дар соҳаи бехтар намудани идораи хуби давлати, хамчун шарики рушд бо Тоҷикистон, заиф хоҳад кард.
Ин мурофия аллакай ҷомеаи ҷаҳониро нигарони намудааст. Мо фикр менамоем, ки эҳтироми пурраи волоияти қонун, аз ҷумла, мурофиаи одилонаи судӣ ба манфиати худи Тоҷикистон мебошад ва барои кафолат додани дастгирии мамлакатҳои шарик дар ноил гаштан ба ҳадафҳои сиесӣ ва нақшаҳои рушди худ муҳим аст.