9 июли соли 2020
Санаи 30 июн, Котиби давлатии ИМА ва вазирони корҳои хориҷии Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи сиғаи С5+1 мулоқот гузаронданд.
Иштирокчиён оид ба талошҳои муштарак баҳри эҷоди устувории иқтисодӣ ва таҳкими минбаъдаи амнияту субот дар Осиёи Марказӣ ва минтақа муҳокимаи васеъ доштанд. Иштирокчиён ҷонибдори дастгирии ҷидду ҷаҳди кӯшишҳои сулҳомези вазъ дар Афғонистон ва барпо кардани робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ки Осиёи Марказиро бо бозорҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Аврупо мепайвандад, изҳор карданд. Дар ҷаласае, ки 30 июн баргузор гардид, ширкаткунандагон барномаи кориро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар формати C5+1 мувофиқа карданд.
Барномаи кории C5+1
Якум, иштирокчиён ба мувофиқа расиданд, ки таҳкими корҳои муштаракро дар доираи Созишномаи чорчӯбаи тиҷорат ва сармоягузорӣ (TIFA) идома диҳанд. Иштирокчиён инчунин ба мувофиқа расиданд, ки барои вохӯриҳои Гурӯҳи кории C5+1 оид ба масъалаҳои иқтисодӣ имкониятҳо фароҳам оварда шаванд ва дар ҷаласаҳои худ масъалаҳои ҳамкориҳои бештарро бо Корпоратсияи Молиявии Рушд, Бонки содироту воридоти ИМА ва Идораи тиҷорати байналмилалии Департаменти тиҷоратӣ баррасӣ кунанд. Гурӯҳи кории иқтисодӣ инчунин талош мекунад, ки муҳити мусоид барои иштироки занон дар иқтисодиёт беҳтар созад ва муайян кунад, ки дар доираи он C5+1 тавонад занонро ҳамчун асоси барқарорсозӣ ва шукуфоӣ дастгирӣ кунад. Гурӯҳи кории иқтисодӣ имконоти ҳамкорӣ дар рушди иқтидори транзитии Афғонистон, аз ҷумла, таҳқиқи имкониятҳои маблағгузории лоиҳаҳои бузург аз ҷониби институтҳои байналмилалии молиявӣ, дар ҳамкорӣ бо Афғонистонро, баррасӣ хоҳад кард. Гурӯҳи мазкур, инчунин соҳаҳои тандурустии ҷомеа, кишоварзӣ, туризм, нақлиёт, техналогияи иттилоотӣ ва баланд бардоштани устуворӣ ва шаффофияти молиявиро баррасӣ менамояд.
Дуюм, иштирокчиён бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва муҳити зист, бо мақсади муҳокимаи ҳамгироии технологияҳои барқароршавандаи энергия ва ҳавасмандкунӣ дар ҷалби маблағгузории бахши хусусӣ, инчунин ҳамкорӣ дар самти обу ҳаво ба мувофиқа расиданд, ки ҷаласаи коршиносони гурӯҳи корӣ, дар доираи формати С5+1, баргузор гардад. Ин гурӯҳи корӣ, инчунин масъалаи тавассути навовариҳо ва технологияҳо беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар минтақаҳои аз ҷиҳати экологӣ осебпазир дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар ҳавзаи баҳри Арал, муҳокима хоҳад кард. Масъалаҳои дигаре, ки аз тарафи гурӯҳи мазкур муҳокима хоҳад шуд, ин дастгирии нақшаҳои миллии мутобиқшавӣ ба мушкилоти муҳити зист ва пешрафти дигар лоиҳаҳои минтақавии энергетикӣ, аз ҷумла нерӯи барқароршаванда, самаранокии энергия ва ҳамгироии занҳо дар ҳамаи сатҳҳои бахши энергетика мебошанд.
Сеюм, иштирокчиён ба мувофиқа омаданд, ки кори муштаракро дар доираи Гурӯҳи кории амниятӣ C5+1 оид ба роҳҳои пешбурди сарҳадоти бехатар ва самарабахш, ки ба гардиши озоди молҳо, пешгирии қочоқи одамон ва молҳои ғайриқонунӣ, амнияти ядроӣ ва радиологӣ, ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи амнияти сарҳад идома диҳанд. Гурӯҳи кории амниятӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бехатарӣ ва иштироки самарабахши занонро дар барқарорсозӣ ва нигоҳдории сулҳ, пешгирӣ ва вокуниш ба низоъ, мубориза алайҳи терроризм ва экстремизми зӯроварӣ фаъолтар созад. Гурӯҳи кории амниятӣ инчунин масъалаҳои муқовимат ба ифротгароии зӯроварӣ, мубориза бо ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои террористи тавассути шабакаҳои интернетӣ, баргузории тренингҳои муштараки минтақавӣ бар зидди терроризм, аз ҷумла дар мавзуҳое, ки барои иҷро намудани ӯҳдадориҳои байналмилалии кишварҳои C5 имкон медиҳанд, муҳокима хоҳад кард.