Душанбе, Тоҷикистон, 29 сентябри соли 2021 – Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ёздаҳумин Форуми солонаи тиҷоратии Осиёи Марказиро дар мавзӯи “Барқарорсозӣ дар давраи пас аз COVID тавассути такмилдиҳии ҳамкорӣ” баргузор мекунад. Форуми виртуалӣ 08 октябри соли 2021 ба охир мерасад.
Муовини роҳбари миссияи Сафорати ИМА дар Қазоқистон, хонум Ҷудӣ Куо Форумро бахшида ба 30-солагии ҳамкорӣ байни ИМА ва Осиёи Марказӣ ифтитоҳ менамояд. Дар Форум зиёда аз 80 суханварони барҷаста суханронӣ мекунанд, аз қабили: Торстен Брезина, ҳамоҳангсози кластерии барномаҳои минтақавии GIZ дар Осиёи Марказӣ, Вики Ку, директори Viziolg Asia Limited, Гонконг, профессори хурди Донишгоҳи илм ва технологияи Макао, Марина Кузнечевская, директори ширкати “flydubai” Қазоқистон, раиси WiLAT дар Осиёи Марказӣ, Татяна Проскурякова, Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ, Барбара Оливейра Рамос, роҳбари Шӯъбаи тадқиқот ва стратегияҳои содиротии ITC, Татяна Рей-Беллетт, директори IRU, Санжар Тайжан, асосгузори лоиҳаи Warwick Hyperloop & Boring, муассис ва директори генералии TaiSan Motors, узви рейтинги “30 то 30” аз рӯи Forbes Kazakhstan ва дигарон.
Форум тариқи платформаи Zoom бо забонҳои англисӣ ва русӣ бо тарҷумаи ҳамзамон ба ҳарду забон баргузор мегардад. Форум инчунин дар YouTube мустақиман пахш карда мешавад. Барои дар форум номнависӣ кардан ва гирифтани даъватнома барои вохӯрӣ, ба сомонаи зерин ташриф оред: https://catradeforum.org/ ва бақайдгирии электрониро пур кунед.
Дар зер 10 сессия ва ду мизи мудаввари баргузоршаванда дар форум зикр шудаанд (вақт тибқи минтақаи соати Душанбе – GMT + 5 оварда шудааст)
Рӯзи 1 – 4 октябри соли 2021
13:00-14:00 Ифтитоҳи форум
14:00-16:00 Ҷаласаи 1: Тамоюлҳои тиҷоратӣ дар давраи пас аз COVIDғ19
16:00-17:30 Мизи мудаввар оид ба экосистемаи дастгирии фаъолияти тиҷоратӣ дар давраи пас аз COVID дар Осиёи Марказӣ
Омӯзиши иловагии ISO Тағйирдиҳии тафаккур дар низоми идоракунӣ: Стандартҳо ва амалияҳои ISO дар соли 2021 барои рушди устувори фаъолияти тиҷоратӣ.
Рӯзи 2 – 5 октябри соли 2021
09:00-10:30 Ҷаласаи 2: Барқарорсозии бахши туризм дар шароити COVID-19
14:00-15:30 Ҷаласаи 3: Савдо ва транзит дар кишварҳои Осиёи Марказӣ; мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои ҳалли рақамии имконпазир
16:30-17:00 Мизи мудаввар оид ба муҳокимаи мушкилоти рушди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ: монеаҳо барои таҷдид додани парки ҳайати ҳаракаткунанда
Рӯзи 3 – 6 октябри соли 2021
09:00-10:30 Ҷаласаи 4: Захираҳои оби устувор барои Осиёи Марказӣ
11:00-12:30 Ҷаласаи 5: Тиҷорати барқ ва имконияти сармоягузорӣ ба манбаҳои барқароршавандаи нерӯ дар Осиёи Марказӣ
14:00-15:30 Ҷаласаи 6: Ояндаи рақамӣ – ҷанбаҳои нақлиёт ва логистика
Рӯзи 4 – 7 октябри соли 2021
09:00-10:30 Session 7: Робитаҳои минтақавӣ дар Осиё
14:00-16:00 Session 8: Тиҷорати электронӣ ва масъалаи “таҳвил ба нуқтаи охирин”
Рӯзи 5 – 8 октябри соли 2021
09:00-10:30 Ҷаласаи 9: Тиҷорати устувор: Рушди бахши боғдории рақобатпазир
14:00-15:30 Ҷаласаи 10: Занон ва ҷавонон дар давраи пас аз COVID-19
15:30-16:00 Ҷаласаи хотимавӣ
Дар давоми даҳсолаи охир, тавассути Форуми солонаи тиҷоратии Осиёи Марказӣ, USAID тавсеа додани ҳамкорӣ ва робитаҳои мутақобилаи минтақавиро бо мақсади ҳавасмандкунӣ ва суръатбахшии инкишофи устувори иқтисодӣ дар минтақа ҷонибдорӣ намуд. Форум зиёда аз 10,000 иштирокчиёнро аз зиёда аз 30 кишвар барои муайян кардани мушкилоти ҷорӣ, ки ба соҳаи тиҷорат ва шукуфоӣ монеа эҷод мекунанд, мубодилаи афкор ва ҳалли онҳо, ба роҳ мондани муносибатҳо ва пешбурди тиҷорат ҷамъ овардааст. Дар доираи ёздаҳумин Форуми солонаи тиҷоратии Осиёи Марказӣ, USAID корхонаҳои пешсафи тиҷоратӣ ва соҳа, мансабдорони давлатию сиёсатмадорон ва коршиносони соҳавиро аз кишварҳои минтақа ва берун аз он барои муҳокимаи барқарорсозӣ ва устуворӣ дар минтақа ҷамъ меоварад.
Форуми мазкур ҳамзамон бо 30-солагии ҳамкориҳои байни ИМА ва панҷ ҷумҳурии Осиёи Марказӣ рост меояд. Дар ин давра Иёлоти Муттаҳида барои таъмини сулҳ ва амният, ислоҳоти демократӣ, инкишофи иқтисодӣ ва ниёзҳои башардӯстона беш аз 9 миллиард доллари ИМА кӯмаки мустақим расонидааст. Ба туфайли ин муносибатҳои дуҷониба ва стратегияҳои минтақавӣ оид ба ҳамкорӣ ва робитаҳои мутақобила, талошҳо ба кишварҳои минтақа мусоидат намуданд, ки боз ҳам рақобатпазир шаванд, инкишофи гуногунҷабҳавии иқтисодиро ташвиқ диҳанд ва шукуфоиро дар саросари минтақа баланд бардоранд.
USAID – як созмони пешбари рушди байналмилалӣ буда, рушди устуворро тақвият мебахшад. Маълумоти муффасал дар сомонаҳо: https://www.usaid.gov/central-asia-regional ва саҳифаи Facebook https://www.usaid.gov/central-asia-regional нигаред.