Душанбе, Тоҷикистон, 22-юми сентябри соли 2016 – Рӯзи чоршанбе, Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Элизабет Миллард ва муовини Раиси ноҳияи Исфара Содир Қосимӣ ба фаъолияти мактаби №67 дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд ҳусни ифтитоҳ бахшиданд.
Сохтмони мактаби №67-и ноҳияи Исфара дар доираи лоиҳаи гурӯҳи Сафорат оид ба равобит бо маъмурияти шаҳрвандӣ ва аҳолӣ соли 2015 бо мақсади ба таҳсил фаро гирифтани ҳудуди 550 нафар хонанда, аз синфи 1 то 11, ва ба истифода додани ҳашт синфхонаи иловагӣ шурӯъ гардида буд. Бо сабаби норасоии молиявӣ аз ҷониби Ҳукумати маҳалӣ анҷоми сохтмони мазкур имконнопазир гашт. Аз ин хотир, он аз ҷониби Ҳукумати ИМА маблағгузорӣ гашта, ба итмоми сохтмон кӯмак расонид. Қабл аз сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, ҳатто бо вуҷуди таҳсил дар се баст, кӯдакони ин мавзеъ иҷборан дар дигар мактабҳои берун аз маҳал таҳсил мекарданд.
Гурӯҳ оид ба равобит бо маъмурияти шаҳрвандӣ ва аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти ҳукумати ноҳия авлавиятҳои рушди ноҳияро таҳия намуданд. Роҳбарияти ҳукумати ноҳия ҳайати гурӯҳи мазкурро ҳангоми ташриф оварданашон ба якчанд лоиҳа, аз ҷумла, ба мактаби №67-и ноҳияи Исфара, ки авлавияти аввалиндараҷа буд, ҳамроҳӣ намуданд.
Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар мактаби №67-и ноҳияи Исфара аз ҳамкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҳукумати маҳалӣ, ки баҳри беҳтар намудани сифати зиндагӣ ва таҳсили сокинони ноҳияи Исфара равона шудааст, гувоҳӣ медиҳад. Имсол 25-умин солгарди ҳамкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон таҷлил мегардад ва ба истифода додани мактаби номбурда дар ноҳияи Исфара як намунаи саъю талошҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад, ки тӯли 25 соли охир ҷиҳати дастгирӣ намудан ва кӯмак расонидан ба ҷомеаҳои осебпазири манотиқи деҳоти Тоҷикистон равона шудаанд.