Душанбе, Тоҷикистон, 9 декабри соли 2022 – 10 декабр солгарди қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар таҷлил мегардад ва он ба ҳамаи мо имкон медиҳад, ки дар бораи вазъи кунунии ҳуқуқи инсон дар саросари ҷаҳон андеша кунем. Дар Оинномаи СММ, Конститутсияи ИМА ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипҳои асосии ҳуқуқҳои умумии инсон: озодии баён, озодии эътиқод, озодии иттиҳодияҳо, озодии ҷамъомадҳои осоишта, аз он ҷумла, ҳуқуқ ба мурофиаи одилона, дарҷ шудаанд.
Ҳар як кишвар роҳи худ ва камбудиҳои худро дорад. Иёлоти Муттаҳида яке аз қадимтарин давлатҳои демократӣ дар ҷаҳон аст, аммо аз замони таъсиси кишвари мо, вақте ки Эъломияи истиқлолият дар соли 1776 ба имзо расид, мо саъйю кушишамонро идома медиҳем, то ба идеалҳои демократия ва эҳтироми ҳуқуқи инсон, ки дар ин ҳуҷҷати илҳомбахш ифода ёфтааст, мувофиқат кунем..
Иёлоти Муттаҳида ҳамчун дӯст ва шарики Тоҷикистон пешрафтеро, ки ҷумҳурии шумо аз замони истиқлолият дар соли 1991 ва пас аз раҳоӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 1990-ум, дар пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ба даст овардааст, эътироф мекунад. Аз сабаби он ки сулҳу амният набояд як чизи муқаррарӣ қабул шаванд, Иёлоти Муттаҳида инчунин истифодаи охирин ва давомдори таъқиб, сензура, ҳабс, таъқиби ҷиноӣ дар мурофиаҳои пӯшида ва ҳукмҳои сахти зиндон, барои пахш кардани озодии баён ва муҷозот кардани иттиҳодияҳои озод, бо нигаронии афзоянда қайд мекунад. Мо рӯзноманигорон, ҳуқуқшиносон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигаронро, ки барои татбиқи осоиштаи озодиҳои бунёдии худ боздошт шудаанд, дастгирӣ мекунем. Мо аз ҳукумат даъват ба амал меоварем, то ҳуқуқҳои ҳамаи шаҳрвандони худро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додааст, ҳимоя кунад.
Рӯзи ҳуқуқи башар имкониятест барои ҷомеаи миллатҳо, то дар бораи ӯҳдадориҳо ва масъулиятҳои байналмилалии худ андешаронӣ кунанд, ки ба ҳама одилона муносибат кардан ва амнияти ҷомеаҳои моро таъмин мекунанд. Иёлоти Муттаҳида ҳамкориро бо ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон барои расидан ба ин ҳадафҳо идома хоҳад дод.