Маросими тақдими биноҳои нави Агентии назорати маводи нашъаовар дар ноҳияҳои Ҷиргатол ва Дарвоз, Тоҷикистон

12-уми августи соли 2015 Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон хонум Сюзан М. Эллиотт дар маросими тақдими ду бинои нави Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Ҷиргатол ва Дарвоз ба маблағи умумии 2 миллион доллар, ки дар чорчӯбаи барномаи Фармондеҳии марказии ИМА оид ба мубориза бо маводи мухаддир (CENTCOM) маблағгузорӣ гардидаанд, ширкат варзид.

Ин ду иншооти нав ба баланд бардоштани иқтидори оҷонсиҳо дар мубориза бар зидди маводи мухаддир, муайян намудан, пешгирӣ кардан ва аз байн бурдани қочоқи маводи мухаддир дар ноҳияҳои Ҷиргатол ва Дарвоз мусоидат хоҳанд кард. Онҳо инчунин ба Агентии назорати маводи нашъаовар дар мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз ҳудуди Афғонистон тавассути Узбекистону Кирғизстон кӯмак мерасонад. Биноҳои нави Агентӣ аз хобгоҳ, ошхона, хуҷраҳои корӣ, боздоштгоҳҳои муваққатӣ, ҳуҷра барои таъмири техникӣ, сагхонаҳо ва мебелу лавозимоти техникии гуногун иборатанд.

Сафир Эллиотт қайд намуд, ки ин саҳм бевосита аз манфиати ИМА дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати решакан кардани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар минтақа шаҳодат медиҳад. Хонум сафир ба оҷонсиҳои Тоҷикистон оид ба назорати маводи мухаддир барои изҳори омодагӣ дар ҳамкорӣ бо ИМА ҷиҳати густариш додани манофеи тарафайн ибрози ташаккур намуд.

Тақдими ин ду бинои Агенти дар доираи яке аз барномаҳои кӯмакрасон, ки Сафорати ИМА аз номи мардуми Амрико дар Точикистон амалӣ мегардонад, сурат гирифт. Барномаи Фармондеҳии марказии ИМА оид ба мубориза бар зидди маводи мухаддир ба Тоҷикистон дар густариш додан ва омода намудани як нерӯи мустақил ва босалоҳияти зидди маводи мухаддир дар Тоҷикистон мусоидат мекунад. Аз соли 2007 то ин ҷониб дар доираи барномаи мазкур кӯмак ба маблағи қариб 130 миллион доллари амрикоӣ ҷудо гардидааст. Соли равон дар чорчубаи барнома алайҳи маводи мухаддир зиёда аз 2 миллион доллари амрикоӣ барои сохтмони бинои маъмурӣ бо ҳучраҳои иловагӣ барои бахшҳои тафтишотии махсуси Агентӣ дар шаҳри Душанбе ҷудо гардидааст. Илова ба ин, моҳи июли соли равон Фармондеҳии марказии ИМА 87 адад васиоти наклиётро ба маблағи 5 миллион доллари амрикоӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон дастрас намуд, ки 25-тои онҳо ба Агентии назорати маводи нашъаовар бо мақсади мусоидат ба назорати гардиши маводи мухаддир тақдим гардид.

Аз соли 1992 то ин ҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф, рушди иқтисод ва бехатарии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи беш аз 1 миллиард доллари амрикоӣ ҷудо намудааст. Сафорати ИМА густариши ҳамкориҳоро миёни мақомотҳои Амрико ва Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани таҷҳизоти муосир, омӯзишҳо ва беҳтар намудани зерсохтор идома хоҳад дод.