Душанбе, Тоҷикистон, 17 сентябри соли 2021 – Ба ифтихори 30-солагии истиқлоли кишварҳои Осиёи Марказӣ шабакаи “Go Viral Network” дар якҷоягӣ бо панҷ намояндагии дипломатии ИМА дар Осиёи Марказӣ ғолибони озмуни “Next30 – Раҳбарони ҷавони Осиёи Марказӣ”-ро, ки ҳадафаш муайян намудани 30 раҳбари ҷавон дар Осиёи Марказӣ буд, эълон карданд.
Шабакаи “Go Viral” тавассути озмуни “Next30” ният дошт раҳбарони ҷавони беҳтаринро дар Осиёи Марказӣ, ки баъд аз соли 1991 таваллуд шудаанд, интихоб намояд ва ин раҳбарон ояндаи 30 соли минбаъдаи минтақаро инъикос кунанд. Ҳакамони минтақавӣ 724 дархости номзадҳоро аз Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон дар бахшҳои тиҷорат, расона, фарҳанг, фановарӣ (технология) ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ карданд.
Дар охири ҷараёни хеле рақобатпазир ҳакамон 30 ғолибро аз тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ интихоб карданд, ки соли 2022 ба Иёлоти Муттаҳида ташриф оварда, бо коршиносон ва навоварони амрикоӣ дар соҳаҳои расона, тиҷорат, фарҳанг ва фановарӣ (технология) во мехӯранд.
Ғолибон аз Тоҷикистон инҳо шуданд:
- Ризои Баҳромзод, олим-астрофизики ҷавон.
- Тахмина Ҳакимова, мутахассис оид ба видеоконтент, ҳаммуассиси @Grain.tj
- Фаррух Умаров, ҳаммуассиси акселератори малакаҳои “Илмхона”.
- Нафиса Имранова, тарроҳ, муассиси бренди “ZHIWJ”.
- Карина Бурых, муассиси “Мактаби бизнес дар Душанбе”.
- Ситора Суфиҷонова, фаъоли ҷамъиятӣ ва донишҷӯ.
Шабакаи “Go Viral” ва Сафорати ИМА дар ш. Душанбе инчунин ғолибони ним-финали аз Тоҷикистонро, ки ба рӯйхати “100 раҳбари ҷавони беҳтарини Осиёи Марказӣ” дохил шуданд, табрик мекунад. Аз ҷумлаи онҳо: Насиба Мирзоева, Ҷомӣ Тоирзода, Манижа Ҷӯраева, Умед Раҳимов, Нилуфар Муродова, Аъзам Мирзонаҷотов, Муҳаммадҷон Шарипов, Манижа Махмадиева, Шерзод Сатторӣ, Аниса Сабирӣ, Рафоел Гулов, Анора Қурбанова, Муҳаммад Мирзоев ва Адиба Дусматова.
Наворҳои омоданамудаи ғолибон ва ғолибони ним-финали озмуни «Next30», ки дидгоҳи хешро дар мавриди ояндаи минтақа нишон медиҳанд, дар Инстаграм бо хэштеги #Next30Top100 барои тамошо дастрас мебошанд.
То охири сол шабакаи “Go Viral” инчунин наворҳоеро нашр мекунад, ки аз саргузашти ҳамаи ғолибони ниҳоӣ ва ғолибони ним-финал нақл мекунад. Ба саҳфаи GoViralTJ дар шабакаҳои иҷтимоии Instagram ва Facebook, худро номнавис кунед, то ки ин наворҳоро тамошо кунед.