Барномаи ҷаҳонии табодули донишҷӯёни соли 2017-2018

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон оғози мусобиқаи кушодро барои иштирок дар Барномаи ҷаҳонии табодули донишҷӯён (“Global UGRAD”) барои соли хониши 2017-2018 эълон менамояд. Донишҷӯёни интихобшуда дар доираи Барномаи мазкур бо идрорпулӣ давоми як нимсолаи таҳсил дар донишгоҳҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъмин мешаванд. Идрорпулӣ харҷи сафари байналмилалӣ, пардохти таҳсил, хароҷоти зист, суғуртаи ҳодисоти тасодуфӣ / ҳолатҳои беморӣ, идрорпулии хурди моҳона ва пардохти китобҳои дарсиро таъмин менамояд.

Барномаи “Global UGRAD” аз ҷониби Идора доир ба масоили таҳсил ва фарҳанги назди Департаменти давлатии ИМА маблағгузорӣ мешавад. Барномаи таҳсили байналмилалию фарҳангии табодули мазкур ба пешвоёни оянда имконияти шинос шудан бо тартиби таҳсил, фарҳангу арзишҳои ИМА ва такмили дониши худ фароҳам меоварад. Инчунин донишҷӯён тавассути ин Барнома мардуми ИМА-ро бо маданияту урфияти худ шинос карда метавонанд. Барномаи “Global UGRAD” аз ҷониби созмони “World Learning” идора мешавад.

Барои донишҷӯён аз Тоҷикистон мӯҳлати охирини пешниҳоди ариза рӯзи ҷумъа, 30 декабри соли 2016 мебошад.

Номзадон метавонанд аризаи худро тавассути сомонаи http://www.worldlearning.org/UGRAD пешниҳод намоянд.

Барои дарёфти маълумоти муфассал, лутфан ба намояндаи Шӯъбаи равобит бо ҷомеаи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Кабилова Шафоат муроҷиат намоед:
тел: 2292314; суроғаи электронӣ: GlobalUgradTajikistan@state.gov