Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон озмоиши кушодро барои иштирок дар Барномаи глобалии мубодилаи донишҷўён (Global UGRAD) дар давоми солҳои 2019-2020 эълон мекунад.
Барномаи глобалии мубодилаи донишҷўён (Global UGRAD) аз ҷониби Бюро оиди таҳсилот ва фарҳанги Департаменти Давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сарпарастӣ мешавад. Ин як стипендияест, ки дар давоми як семестр барои гирифтани таълими ғайриакадемї дар коллеҷ ё донишгоҳи таъйиншудаи ИМА маблағгузорӣ мешавад. Барои иштирок дар ин барнома довталабоне интихоб мегарданд, ки ба фаъолияти роҳбарӣ шурўъ карданд ва ба ҷамоати худ пойбанд ҳастанд. Дар давоми барнома иштирокчиён дар назди худ вазифа мегузоранд, ки ҷомеа, фарҳанг ва таҳсилоти академии Амрикоро меомўзанд. Онҳо инчунин дар корҳои ҷамъиятӣ иштирок мекунанд ва малакаҳои касбии худро такмил медиҳанд.
Барои иттилоот оиди фиристодани ариза барои иштирок дар барномаи мазкур ва дастурҳои лозимӣ лутфан ба сомонаи www.worldlearning.org/ugrad ташриф оваред.
Ҳуқуқи иштирок дар барномаи глобалии UGRAD:
1. Довталабон бояд шаҳрванди кишваре бошанд, ки аз он ба барномаи UGRAD ариза ироя мекунанд.
2. Довталабон бояд дар кишваре таҳсил карда истода бошанд, ки аз он ба барномаи UGRAD муроҷиат мекунанд.
3. Стипендия ба он донишҷӯёне тақдим мешавад, ки дар њоли ҳозир дар бахши рўзонаи муассисаи таҳсилоти олї таҳсил менамоянд ва лоақал семестри аввалро анҷом дода бошанд. Барои гузаштани давраи омўзишӣ дар доираи Барномаи глобалии UGRAD иштирокчиён ақаллан як семестр ё мӯҳлати ба он баробарро дар муассисаи кишвари худ ба анҷом расонанд.
4. Довталабон бояд зарфияти роҳбариро тавассути корҳои академӣ, иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамоат ва чорабиниҳои беруназдарсиро нишон диҳанд.
5. Довталабон бояд маҳорати навиштан ва сўҳбат кардан ба забони англисиро нишон диҳанд. Гузаштани имтиҳони TOEFL аз онҳое талаб карда мешавад, ки ҳамчун ғолиб ё ҷойгузин интихоб шуданд.
6. Афзалият ба онҳое дода мешавад, ки дар ИМА ё берун аз кишвари худ таҷрибаи ками будубош ё тамоман чунин таҷриба надоранд.
7. Довталабон бояд вазифадор бошанд, ки бевосита ба кишвари худ баъди ба итмом расонидани барнома баргарданд.
8. Синни довталабон бояд аз 18 боло бошад.
Дар ҳолатҳои зерин иштирок дар Барномаи глобалии UGRAD иҷозат дода намешавад:
1. Шаҳрвандони ИМА, сокинони доимии ИМА;
2. Шахсоне, ки ҳоло берун аз қаламрави кишвари худ таҳсил, зиндагӣ ё кор мекунанд;
3. Кормандони маҳаллии намояндагиҳои амрикоӣ дар хориҷа, ки барои Департаменти ИМА ва ё Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) кор мекунанд; Кормандони мазкур ҳамчунин дар давоми як сол баъди қатъ гардидани фаъолияти меҳнатияшон дар созмонҳои номбурда ҳақи иштирок дар Барномаи глобалии UGRAD надоранд;
4. Наздиктарин хешовандони (яъне ҳамсар ва фарзандон) кормандони Департаменти давлатии ИМА ва USAID; аъзоёни оила низ дар давоми як сол пас аз қатъ гардидани фаъолияти меҳнатии он кормандон ҳақи иштирок дар Барномаи глобалии UGRAD надоранд;
5. Кормандони амалкунандаи созмони «World Learning» ва аъзоёни наздики онҳо.
Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои довталабон аз Тоҷикистон рӯзи душанбе, 31 декабри соли 2018.
Барои маълумоти бештар, лутфан бо Шафоат Қобилова, корманди Шӯъбаи робита бо ҷомеаи Сафорати ИМА тамос гиред; Тел: 2292314; e-mail: GlobalUgradTajikistan@state.gov