Ҳафтаи умумиҷаҳонии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон аз 16-ум то 20-уми ноябри соли 2015

Ҳафтаи умумиҷаҳонии соҳибкорӣ 2015 (ҲУС-2015) дар Тоҷикистон аз 16-ум то 20-уми ноябр баргузор мегардад. ҲУС-2015 ин бузургтарин чорабинӣ дар ҷаҳон барои навоварон ва стартаперҳое мебошад, ки ҷиҳати рушди иқтисодӣ ва некӯаҳволии инсон ғояҳои навро дар амал татбиқ мекунанд.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Палатаи савдои Амрико дар Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Хазинаи Авруосиё дар Осиёи Марказӣ-Тоҷикистон ташкил карда мешавад.

Чорабинии аввали расмии Ҳафтаи умумиҷаҳонии соҳибкорӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Соҳибкорӣ – нигоҳи инноватсионӣ ба рушди иқтисодиёт” мебошад, ки рӯзи душанбе 16-уми ноябр дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад.

17-уми ноябр Ҳафтаи умумиҷаҳонии соҳибкорӣ дар пойтахти Тоҷикистон оғоз меёбад. Дар Гӯшаи амрикоӣ воқеъ дар шаҳри Душанбе видеоконфронси интерактивӣ бо Сергей Грибов – соҳибкор дар соҳаи технология ва сармоягузорӣ, муассиси шумораи зиёди стартап-лоиҳаҳо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Исроил ва Русия, мегузарад. Ҳамзамон пахши видеоконфронс дар Гӯшаҳои амрикоӣ дар шаҳрҳои дигари мамлакат: Хуҷанд, Панҷакент, Исфара, Ғарм, Кӯлоб, Қурғонтеппа, Хоруғ ва Мурғоб гузаронида мешавад.

Чорабиниҳои асосӣ дар доираи Ҳафтаи умумиҷаҳонии соҳибкорӣ 18-уми ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мегарданд.

Қисми асосии ин ҳафта форуми байналмилалӣ барои соҳибкорон «Соҳибкорӣ – нигоҳи инноватсионӣ ба рушди иқтисодиёт» мебошад.

Дар форуми мазкур муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, аъзоёни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кордори Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хонум Лесли Ҳэйден, Сафири Британиёи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳю Филпот, мушовири калони Департаменти давлатии ИМА оид ба масъалаи соҳибкории ҷавонон хонум Ванесса Бери, менеҷери минтақавӣ оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва давлатии ширкати “Google” дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷаноби Алекс Лонг, директори кулли ширкати “EGI Development” хонум Карин Шипман баромад мекунанд. Директори Ҳафтаи умумиҷаҳонии соҳибкорӣ ҷаноби Дэниел Заретски бо презентатсия баромад мекунад, ки дар он экосистемаи Ҳафтаи умумиҷаҳонии соҳибкорӣ, ки дар саросари ҷаҳон фаъолият дорад, муаррифӣ карда мешавад.

Худи ҳамон рӯз аз ҷониби созмони байналмилалии “CESVI” мизи мудаввар дар мавзӯи “Ҳунармандӣ дар Тоҷикистон: рушди устувор ва ҳамаҷониба” баргузор мегардад, ки дар рафти он маркази ҳунармандӣ, ки дар комплекси Наврузгоҳ ташкил карда шудааст, пешкаш карда мешавад.

Иштирокчиён аз шомили намояндагони соҳаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ, ҳамчунин ташкилотҳо, созмонҳои байналмилалӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва мақомоти давлатӣ мебошанд.

Рӯзи панҷшанбе, 19-уми ноябр, дар доираи Ҳафтаи умумиҷаҳонии соҳибкорӣ синфҳои ихтисосӣ аз ҷониби коршиносон гузаронида мешаванд.

Семинари мураббӣ ва мутахассиси бизнес-инкубатори Тоҷикистон Озодхон Давлатшоев дар мавзӯи “Дарк намудан ва муносибат нисбат ба хавфҳои стартап-лоиҳаҳо. Роҳҳои ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳо” 19-уми ноябр соати 16:00 дар толори меҳмонхонаи Серена дар Душанбе баргузор мешавад.

Ҳамчунин дар ин рӯз дар бинои “Tcell Plaza” вохӯрӣ бо Алекс Лонг – мутахассис оид ба масъалаи сиёсати иҷтимоӣ ва давлатӣ, ки дар айни замон дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Оромии ширкати “Google” фаъолият дорад, мегузарад.

Алекс Лонг бо маърӯза дар мавзӯи “Фарҳанги инноватсияҳо дар Google” баромад мекунад, ки дар он оид ба фалсафаи берунӣ ва қоидаҳои дохилии кории кормандон дар ширкати машҳури ҷаҳон сухан меронад.

Аъзоёни Палатаи савдои Амрико рӯзи охирини Ҳафтаи умумиҷаҳонии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ташрифҳои таълимӣ ба идораҳо ва иншооти саноатииро ташкил менамоянд. Хазинаи Авруосиё дар Осиёи Марказӣ-Тоҷикистон ташрифҳои омӯзиширо ба ташкилотҳои ба монанди “Tcell”, “Coca-Cola Тоҷикистон”, “FINCA Тоҷикистон” ва “Sheraton Hotel Dushanbe” ташкил мекунад. Ҳадаф аз ташкили ташрифҳои мазкур шинос намудани донишҷӯён бо фаъолияти ширкатҳои байналмилалӣ мебошад.

Ҳафтаи умумиҷаҳонии соҳибкорӣ бо баргузор шудани форуми занон, ки аз ҷониби Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон ташкил карда мешавад, ба итмом мерасад. Форум дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе бо ширкати коршиносони байналмилалӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Дар рафти форум намоишгоҳи маҳсулоти ҳунармандӣ, агросаноатӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ташкил карда мешавад.

Хулосабарории Ҳафтаи умумиҷаҳонии соҳибкорӣ шоми 20-уми ноябр дар меҳмонхонаи Шератон мегузарад, ки дар он ташкилкунандагон метавонанд оид ба натиҷаҳои ҲУС-2015 гуфта гузаранд, ва инчунин масъалаи баргузор намудани Ҳафтаи умумиҷаҳонии соҳибкорӣ дар соли 2016 баррасӣ карда мешавад.

Бо ҳамаи масъалаҳо оид ба Ҳафтаи умумиҷаҳонии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон Шумо метавонед бо шахсони зерин дар тамос бошед:

Илҳом Алиев – ҳамоҳангсози ҲУС-2015 аз ҷониби Палатаи савдои Амрико: 93-110-50-05 ё тавассути почтаи электронӣ aliev.ilhomdjon@gmail.com

Баҳром Абдуллаев – ҳамоҳангсози ҲУС-2015 аз ҷониби Хазинаи Авруосиё дар Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон: 90-000-16-16 ё тавассути почтаи электронӣ bahrom@ef-ca.org