Барномаи Фулбрайт барои такмили маҳоратҳои дарсдиҳӣ (Fulbright TEA)

Сафорати ИМА дар Тоҷикистон озмунро барои иштирок дар Барномаи Фулбрайт TEA барои омӯзгорони мактабҳои миёна дар солҳои 2022-2023 эълон менамояд.  Барномаи TEA лоиҳаи Бюрои барномаҳои таълимӣ ва фарҳангии Департаменти давлатии ИМА мебошад, ки аз ҷониби Шӯрои байналмилалии тадқиқот ва табодул (IREX) амалӣ карда мешавад.

Барномаи Fulbright Teaching Excellence and Achievement (FTEA) ба муаллимони мактабҳои миёна аз дигар давлатҳо имкониятҳои беназир барои ташаккули таҷриба дар фанҳои тахассусӣ, такмили малакаи омӯзгорӣ ва сайқал додани дониши онҳо дар бораи Иёлоти Муттаҳида, фароҳам меорад. FTEA барномаи шашҳафтаинаи тахассусии бидуни унвон, бидуни кредит мебошад, ки аз семинарҳо оид ба усулҳои нави таълим, омӯзиши ба хонандагон нигаронидашуда, таълим дар асоси мазмуну мундариҷа, банақшагирии дарс ва технологияҳои таълимӣ иборат аст.

Иштирокчиён инчунин дар мактабҳои миёнаи ИМА, ки дар наздикии донишгоҳи мизбон ҷойгиранд, таҷрибаомӯзӣ мекунанд, то бо муаллимони амрикоӣ ҳамкорӣ кунанд ва кишвари худро ба донишҷӯёни ИМА муаррифӣ намоянд. Дар тӯли барнома рушди фарҳангӣ, роҳнамоӣ ва дастгирӣ ба иштирокчиён фароҳам оварда мешавад. Иштирокчиён моҳи январ ва ё сентябри соли 2023, дар ду гурӯҳ иборат аз 80 нафар муаллим, ба ИМА сафар хоҳанд кард.

Иштирокчиёни барномаи Fulbright, дар тӯли будубоши худ дар Иёлоти Муттаҳида, дипломатияи мардумиро дар синфхонаҳо ва ҷомеаҳои Иёлоти Муттаҳида дастгирӣ хоҳанд кард.

Мӯҳлати охирони ҳуҷҷатсупорӣ: 28-уми феврали соли 2022.

Саволномаи барномаро дар сомонаи зерин тариқи онлайн пур кунед: https://fulbright.irex.org

Бо дастури муфассал (PDF 1,471 KB) оид ба тарзи дуруст пур кардани дархостнома тариқи онлайн шинос шавед.

Барномаи FTEA маблағгузории пурра ва таъминоти зеринро ба иштирокчиён пешниҳод менамояд:

  • Пардохт барои гузаронидани тести забони англисӣ (iBT TOEFL)
  • Дастгирӣ дар гирифтани раводиди J-1,
  • Гузаронидани машварати роҳбаладӣ пеш аз сафар дар кишвари истиқомат;
  • Пардохти хароҷоти сафар то Иёлоти Муттаҳидаю дар дохили он ва бозгашт ба ватан:
  • Ташкили семинари хотимавӣ дар Вашингтон:
  • Пардохт барои барномаи таълимӣ;
  • Пардохт барои ҷои зист (одатан бо дигар иштирокчиён якҷоя дар як манзил);
  • Суғурта аз садамаҳо ва бемориҳо:
  • Роҳкиро ба мактаб барои таҷрибаомӯзӣ (дар ҳолати зарурӣ);
  • Кӯмакпулии ҳаррӯза барои хӯрок ва ҳолатҳои тасодуфӣ дар давоми барномаи таълимӣ;
  • Маблағ барои бағоҷ/таҳвил (дохилӣ ва байналмилалӣ);
  • Маблағ барои хариди китобҳо ва такмили ихтисос;

Талабот ба номзадҳо барои иштирок дар барнома:

  • Муаллими забони англисӣ, корманди пурраи мактаби миёна ё омӯзгори забони англисӣ ҳамчун забони хориҷӣ (EFL), математика, илмҳои табиатшиносӣ, илмҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, муаллимони таълими махсуси ин фанҳо дар муассисаҳои таълимие, ки пеш аз ҳама ба аҳолии маҳаллӣ хизмат мерасонанд;
  • Дорандаи дараҷаи бакалавр ё ба он баробар;
  • Шаҳрванд ва сокини Чумҳурии Тоҷикистон;
  • Ҳадди ақал таҷрибаи пурраи сесолаи омӯзгорӣ дар оғози барнома, бо бартарӣ ба онҳое, ки на камтар аз панҷ сол собиқаи омӯзгорӣ доранд;
  • Дониши хуби англисӣ. Аз ин лиҳоз, гирифтани баҳоҳои зерин зарур аст: на камтар аз 450 хол (гузаштани имтиҳони TOEFL ба таври хаттӣ); 45 хол (гузаштани имтиҳони TOEFL тариқи Интернет);
  • Муаллимони мактабҳои миёна, аз ҷумла синфҳои миёна ва болоӣ, ки ба хонандагони аз 12 то 18 сола таълим медиҳанд;
  • Пас аз хатми барнома омодагӣ барои идомаи касби худ дар мактаби миёна;
  • Супоридани бастаи пурраи онлайнии ҳуҷҷатҳои зарурӣ.

Маъмурони таълимӣ (масъалан, намояндагон ё масъулони Вазорати маориф) ва маъмурони мактабҳое, ки ҳадди аққал панҷоҳ фоизи вақти худро ба таълимдиҳӣ ҷудо намекунанд ва инчунин омӯзгороне, ки пурра дар донишгоҳҳо, марказҳои хусусии забономӯзӣ ва муаллимони мактабҳое, ки умдатан ба хориҷиён таълим медиҳанд, ҳуқуқи иштирок дар барнома надоранд. Ҳангоми пешниҳоди дархости шумо, холҳои IELTS / TOEFL талаб карда намешаванд. Ғолибони марҳилаи аввали барнома ба мусоҳиба даъват карда мешаванд. Қарори ниҳоиро Шӯъбаи робитаҳои  фарҳангӣ ва маърифатии Департаменти давлатии ИМА дар Вашингтон қабул хоҳад кард.

Шакли ариза бояд кори инфиродии довталабро инъикос намояд. Интиҳол (плагиат), ки забон, ақида, баён ва андешаҳои муаллифи дигарро ҳамчун асари худ, бе иҷозати дахлдор интишор медиҳад, қобили қабул нест. Ҳама гуна интиҳол дар варақаи ариза ё иншои довталаб ҳамчун асос барои боздоштани фаврии иштирок дар барнома хоҳад буд.

Дар ифтитоҳ ва анҷоми барномаи мазкур вохӯриҳо барои иштироккунандагон дар пойтахти Амрико шаҳри Вашингтон баргузор мегардад.

Барои маълумоти бештар, лутфан бо Ситора Қосимова – корманди Шӯъбаи робита бо ҷомеаи Сафорати Амрико тамос гиред; Тел: 2292327; email: EnglishProgramsDushanbe@state.gov