Сафорати Амрико дар Тоҷикистон озмуни кушодро барои барномаи «Фулбрайт барои мутахассисон» эълон менамояд.
Мӯҳлати охирини супоридани ҳуҷҷатҳо: 5 июли соли 2021.
Барномаи «Фулбрайт барои мутахассисон» ба ташкилотҳои қабулкунанда имконият медиҳад, ки мутахассисеро даъват кунад, ки дар татбиқи лоиҳаҳое, ки таҳсил ё тамаркуз доранд, кӯмак расонад. Давомнокии барномаи мутахассис аз 14 то 42 рӯз буда метавонад, аз ҷумла рӯзҳои истироҳат, ид ва рӯзҳои сафар. Лоиҳаҳо бояд ҳадафҳои мушаххас дошта бошанд, ки онҳоро мутахассис ҳангоми ташриф ба даст оварда тавонад.
Талаботи мувофиқат ба муассисаҳои қабулкунанда
Муассисаҳҳое, ки метавонанд Фулбрайт мутахассисро дархост кунанд:
- Мактабҳои олӣ;
- Муассисаҳои давлатӣ (вазоратҳо ё агентиҳо, судҳо, мақомоти парламентӣ ё қонунгузорӣ);
- Муассисаҳои фарҳангӣ (консерваторияҳо, осорхонаҳо ва ғайра);
- Ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ;
- Муассисаҳои тиббӣ (ташкилотҳои тандурустӣ, беморхонаҳои таълимӣ ва ғайра).
Он мутахассисоне , ки дар гузашта иштирок варзида буданд, муассисаҳои қабулкунандаро тавассути чунин чорабиниҳо дастгирӣ кардаанд:
- Гузаронидани семинар
- Машварат дар бораи омӯзгорон ё рушди қувваи корӣ
- Таҳияи нақшаҳои таълимӣ ва маводи таълимӣ
- Лексия дар сатҳи баъдидипломӣ ва донишҷӯӣ
- Гузаронидани арзёбӣ ё баҳодиҳӣ ба барнома ё муассиса
Муассисаҳои қабулкунанда метавонанд пешниҳодҳои лоиҳавии худро онлайн дар ин ҷо пешниҳод кунанд: https://worldlearning-community.force.com/FSPHost.
Барои дарёфти маълумоти бештар нисбати ин барнома, метавонед ба Бахши робита бо ҷомеаи Сафорати Амрико дар Душанбе тавассути суроғаи электронии FulbrightTajikistan@state.gov муроҷиат намоед.