Сафорати ИМА дар Тоҷикистон қаблуи дархостҳо аз муассисаҳои Тоҷикистонро барои мизбони аз мутахассиси Фулбрайт оғоз кард. Дархостҳо то рӯзи 27 марти соли 2022 қабул карда мешаванд. Барномаи “Фулбрайт барои мутахассисон” ба муассисаҳои қабулкунанда имконият фароҳам меорад, ки мутахассиси даъватшуда барои амалисозии лоиҳаҳо дар бахши таҳсилот ва омӯзиш кумак расонад. Муҳлати барнома бо шумули рӯзҳои ид ва истироҳат метавонад 14 то 42 рӯзро дарбар бигирад.
Лоиҳаҳо бояд ҳадафҳои мушаххасе дошта бошанд, ки ҳангоми омадани мутахассис ҳалли худро пайдо кунанд. Барномаҳо метавонанд аз моҳи апрел то сентябри соли 2022 иҷро шаванд.
Талабот барои муассисаҳои қабулкунунда
Муассисаҳои зерин метавонанд як мутахассиси Фулбрайтро дархост кунанд:
- Муассисаҳои таҳсилоти олӣ
- Ниҳодҳои давлатӣ (вазоратҳо ва ё дигар идораҳо, судҳо, парлумон ва ё мақомоти қонунгузорӣ)
- Муассисаҳои фарҳангӣ ( консерваторияҳо, осорхонаҳо ва ғайра)
- Ташкилотҳои ғайридавлатӣ;
- Муассисаҳои тиббӣ (муассисаҳои давлатии тандурустӣ, дармонгоҳҳои назди муассисаҳои омӯзишӣ ва ғайра).
Мутахассисоне, ки дар гузашта дар ин барнома кор карда, ба муассисаҳои қабулкунанда дар баргузории чорабиниҳои зерин мусоидат кардаанд:
- Баргузории семинар ва ё тренинг;
- Машваратҳо барои рушди ҳайати илмӣ ва захираҳои инсонӣ;
- Таҳияи мавод ва барномаҳои таълимӣ;
- Хондани лексия барои магистр ва бакалаврҳо;
- Арзёбии ниёзмандиҳои барномаи ҷудогона ва ё муассиса.
Муассисаҳои қабулкунанда метавонанд лоиҳаҳои худро тариқи онлайн дар ин сомона пешниҳод кунанд: https://worldlearning-community.force.com/FSPHost
Барои дарёфти маълумоти бештар муассисаҳои довталаб имкон доранд ба Бахши робита бо ҷомеаи Сафорати Амрико дар Душанбе тавассути почтаи электронии FulbrightTajikistan@state.gov муроҷиат кунанд.