Сафорати ИМА дар Тоҷикистон озмунро барои иштирок дар Барномаи Фулбрайт TEA барои омӯзгорони мактабҳои миёна дар солҳои 2021-2022 эълон менамояд. Барномаи TEA лоиҳаи Бюрои барномаҳои таълимӣ ва фарҳангии Департаменти давлатии ИМА мебошад, ки аз ҷониби Шӯрои байналмилалии тадқиқот ва табодул (IREX) амалӣ карда мешавад.
Барномаи Fulbright Teaching Excellence and Achievement (FTEA) ба муаллимони мактабҳои миёна аз дигар давлатҳо имкониятҳои беназир барои ташаккули таҷриба дар фанҳои тахассусӣ, такмили малакаи омӯзгорӣ ва сайқал додани дониши онҳо дар бораи Иёлоти Муттаҳида, фароҳам меорад. FTEA барномаи шашҳафтаинаи тахассусии бидуни унвон, бидуни кредит мебошад, ки аз семинарҳо оид ба усулҳои нави таълим, омузиши ба хонандагон нигаронидашуда, таълим дар асоси мазмуну мундариҷа, банақшагирии дарс ва технологияҳои таълимӣ иборат аст.
Иштирокчиён инчунин дар мактабҳои миёнаи ИМА, ки дар наздикии донишгоҳи мизбон ҷойгиранд, таҷрибаомӯзӣ мекунанд, то бо муаллимони амрикоӣ ҳамкорӣ кунанд ва кишвари худро ба донишҷӯёни ИМА муаррифӣ кунанд. Дар тӯли барнома рушди фарҳангӣ, роҳнамоӣ ва дастгирӣ ба иштирокчиён фароҳам оварда мешавад. Иштирокчиён баҳор ё тирамоҳи соли 2022, дар ду гурӯҳ иборат аз 80 нафар муаллим, ба ИМА сафар хоҳанд кард.
Иштирокчиёни барномаи Fulbright, дар тӯли будубоши худ дар Иёлоти Муттаҳида, дипломатияи мардумиро дар синфхонаҳо ва ҷомеаҳои Иёлоти Муттаҳида дастгирӣ хоҳанд кард.
Барномаи FTEA маблағгузории пурра ва таъминоти зеринро ба иштирокчиён пешниҳод менамояд:
- Пардохт барои гузаронидани тести забони англисӣ (iBT TOEFL)
- Дастгирӣ дар гирифтани раводиди J-1,
- Гузаронидани машварати роҳбаладӣ пеш аз сафар дар кишвари истиқомат;
- Пардохти хароҷоти сафар то Иёлоти Муттаҳидаю дар дохили он ва бозгашт ба ватан:
- Ташкили семинари хотимавӣ дар Вашингтон:
- Пардохт барои барномаи таълимӣ;
- Пардохт барои ҷои зист (одатан бо дигар иштирокчиён якҷоя дар як манзил);
- Суғурта аз садамаҳо ва бемориҳо:
- Роҳкиро ба мактаб барои таҷрибаомӯзӣ (дар ҳолати зарурӣ);
- Кӯмакпулии ҳаррӯза барои хӯрок ва ҳолатҳои тасодуфӣ дар давоми барномаи таълимӣ;
- Маблағ барои бағоҷ/таҳвил (дохилӣ ва байналмилалӣ);
- Маблағ барои хариди китобҳо ва такмили ихтисос.
Талабот ба номзадҳо барои иштирок дар барнома:
- Муаллими забони англисӣ, корманди пурраи мактаби миёна ё омӯзгори забони англисӣ ҳамчун забони хориҷӣ (EFL), математика, илмҳои табиатшиносӣ, илмҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, муаллимони таълими махсуси ин фанҳо дар муассисаҳои таълимие, ки пеш аз ҳама ба аҳолии маҳаллӣ хизмат мерасонанд;
- Дорандаи дараҷаи бакалавр ё ба он баробар;
- Шаҳрванд ва сокини Чумҳурии Тоҷикистон;
- Таҷрибаи панҷсолаи корӣ дар мактаби миёна;
- Дониши хуби англисӣ. Аз ин лиҳоз, гирифтани баҳоҳои зерин зарур аст: на камтар аз 450 хол (гузаштани имтиҳони TOEFL ба таври хаттӣ); 45 хол (гузаштани имтиҳони TOEFL тариқи Интернет);
- Муаллимони мактабҳои миёна, аз ҷумла синфҳои миёна ва болоӣ, ки ба хонандагони аз 12 то 18 сола таълим медиҳанд;
- Пас аз хатми барнома омодагӣ барои идомаи касби худ дар мактаби миёна;
- Супоридани бастаи пурраи онлайнии ҳуҷҷатҳои зарурӣ.
Маъмурони таълимӣ (масъалан, намояндагон ё масъулони Вазорати маориф) ва маъмурони мактабҳое, ки ҳадди аққал панҷоҳ фоизи вақти худро ба таълимдиҳӣ ҷудо намекунанд ва инчунин омӯзгороне, ки пурра дар донишгоҳҳо, марказҳои хусусии забономӯзӣ ва муаллимони мактабҳое, ки умдатан ба хориҷиён таълим медиҳанд, ҳуқуқи иштирок дар барнома надоранд. Ҳангоми пешниҳоди дархости шумо, холҳои IELTS / TOEFL талаб карда намешаванд. Ғолибони марҳилаи аввали барнома ба мусоҳиба даъват карда мешаванд. Қарори ниҳоиро Шӯъбаи робитаҳои фарҳангӣ ва маърифатии Департаменти давлатии ИМА дар Вашингтон қабул хоҳад кард.
Вуҷуд доштани интиҳол (плагиат) дар аризаҳо ба мушкилии ҷиддӣ табдил ёфтааст. Бинобар ин, довталабон бояд огоҳ бошанд, ки чунин аъмол қобили қабул нест.
Дар ифтитоҳ ва анҷоми барномаи мазкур вохӯриҳо барои иштироккунандагон дар пойтахти Амрико шаҳри Вашингтон баргузор мегардад.
Мӯҳлати охирони ҳуҷҷатсупорӣ: 28-уми феврали соли 2021.
Агар шумо дар робита ба барномаи мазкур ва ё раванди пешниҳоди ариза саволҳо дошта бошед, лутфан ба шахси мутасаддӣ ба суроғаи зерин муроҷиат намоед:
Ситора Қосимова
Сафорати ИМА дар Душанбе, шӯъбаи робита бо ҷомеа
Суроғаи электронӣ: EnglishProgramsDushanbe@state.gov
Аризаҳое, ки аз мўҳлати таъйингардида дертар пешниҳод мешаванд, баррасӣ нахоҳанд шуд.
Маълумоти пурра ва дархостнома дар сомонаи англисии мо: Fulbright TEA