ш. Душанбе, Тоҷикистон, 30-уми сентябри соли 2016 – Сафорати ИМА бо хушнудӣ барномаи мубодилаи таҳсилиро баҳри пешвоёни оянда (FLEX) барои соли таҳсили 2017-2018 озмун эълон мекунад. Барномаи FLEX стипендияро ба хонандагони мактаби миёна аз кишварҳои Евросиё барои таҳсил дар муддати як сол дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъмин мекунад. Барномаи FLEX ба пуррагӣ аз ҷониби Ҳукумати ИМА маблағгузорӣ гардида, Дафтари робитаҳои таълимӣ ва фарҳангии Департаменти давлатии ИМА онро роҳбарӣ мекунад. Ҷараёни гузаронидани имтиҳон, интихоби номзадон, шиносоӣ ва ташкили сафар дар доираи Барнома аз ҷониби Шӯроҳои амрикоӣ оид ба маорифи байналмилалӣ ташкил карда мешавад.
Хонандагони мактаби миёнаи Тоҷикистон барои иштирок дар озмуни кушода барои соли таҳсили 2017-2018 ва гирифтани стипендияи барномаи FLEX даъват карда мешаванд.
Комиссияи мустақил иборат аз шаҳрвандони ИМА ва мутахассисони оид ба масъалаҳои таҳсил ва робитаҳои байналмилалӣ гирандагони стипендияи FLEX-ро муайян менамояд. Раванди интихоби номзадон бар саволномаҳои пешниҳодгардида, тавсияномаҳои муаллимон ва омода будани номзадон ба мубодилаи таҳсилӣ ба муддати як сол асос меёбад. Баъд аз анҷоми соли таҳсил дар ИМА гирандагони стипендияи FLEX бояд ба Тоҷикистон баргарданд.
Барои гузаштан аз озмуни барномаи FLEX номзадҳо бояд ба талаботи зерин мутобиқ бошанд:
- Бояд шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд;
- Хонандагони синфи 11 бошанд;
- Хонандагон бояд дар давраи байни 15 феврали соли 1999 то 15 июли соли 2001 таваллуд шуда бошанд;
- Ба талаботи доир ба гирифтани раводиди ИМА ҷавобгӯ бошанд;
- Нишондодҳои таҳсилии «хуб» ё болотар дошта бошанд.
Тирамоҳи соли ҷорӣ намояндагони Шӯроҳои амрикоӣ ба марказҳои вилоятии Тоҷикистон барои гузаронидани имтиҳон ташриф хоҳанд овард. Ҳамаи хонандагони ҷавобгӯи талаботи Барнома барои иштирок дар даври аввали озмун даъват карда мешаванд. Хонандагони ғолиби даври аввал (санҷиши кӯтоҳ ба забони англисӣ) ба даври дуюм барои навиштани иншои хаттӣ даъват карда мешаванд. Фақат номзадоне, ки аз даври дуюм мегузаранд, ҳуҷҷатҳои ариза гирифта, ба мусоҳиба ва имтиҳони мукаммали забони англисӣ хонда мешаванд.
Хонандагони дорои қобилияти маҳдуд махсусан барои иштирок дар озмун даъват карда мешаванд. Интихобшудагон аз қатори хонандагони қобилияташон маҳдуд бояд ба айни ҳамон талабот монанди дигар иштирокчиёни барнома ҷавобгӯ бошанд.
Марказҳои қабули имтиҳон:
Шаҳр | Рӯз | Соат | Макон | Суроға |
---|---|---|---|---|
Кӯлоб | 1 октябр | 9:00 | Мактаби № 53 | к. И.Сомонӣ 42 |
Ғарм | 1 октябр | 9:00 | Мактаби № 1 | к. С. Бурхон 37 |
Исфара | 6 октябр | 9:00 | Маркази таҳсили иловагии №1 | к. Конибодом 47 |
Хуҷанд | 8 октябр | 9:00 | Гимназияи № 1 | дар назди Маркази Ҷавонон |
Қурғонтеппа | 8 октябр | 9:00 | Литсей барои хонандагони лаёқатманд |
к. Кайҳонавардон |
Панҷакент | 15октябр | 9:00 | Мактаби № 15 | к. Рудакӣ 228 |
Хоруғ | 15 октябр | 9:00 | Мактаби № 2 ба номи Давлаталӣ Шабдолов | к. Ленина 143 |
Мурғоб | 18 октябр | 9:00 | Мактаби № 1 | к. Ленин 62 |
Душанбе | 29 октябр | 9:00 | Мактаби № 15 | хиёбони Айнӣ 46 |
Барои дарёфти маълумоти муфассал доир ба Барнома ва гузаронидани имтиҳон дар макони шумо, илтимос, ба суроғаи зерин муроҷиат намоед:
Шӯроҳои амрикоӣ оид ба таҳсили байналмилалӣ
Кӯчаи Толстой 86, ш. Душанбе
Тел.: (+992 37) 221-21-03; 224-14-57
Факс: (+992 37) 221-17-95
Почтаи электоронӣ: flexrecruiter@americancouncils-tj.org ё flex@americancouncils-tj.org