Барномаи “FLEX” гузаронидани озмуни соли 2020-ро эълон мекунад

БАРОИ НАШРИ ФАВРӢ
Тамос: Фарангиси Ҳотам
Ҳамоҳангсози FLEX дар Тоҷикистон
Тел: +992 44-6004590
Почтаи электронӣ: flex.tj@americancouncils.org

Хонандагони синфҳои болоии мактабҳои миёна боз имконияти дар ИМА ройгон зиндагӣ карданро доранд.

Душанбе, 28 сентябри соли 2020 – Раванди пешниҳоди дархост барои стипендияи Барномаи мубодилаи Пешвоёни Оянда (FLEX) оғоз ёфт! Ин стипендия ба хонандагони мактабҳои миёна, ки дар асоси озмун интихоб мешаванд, имконияти таҳсили ройгонро дар Иёлоти Муттаҳида пешниҳод мекунад. Имсол, раванди интихоби гирандагони стипендияи FLEX онлайн сурат мегирад. Аз ҳамаи иштирокчиён талаб карда мешавад, ки дархости пурраи худро тавассути портали системаи иттилоотии дархосткунандагон ais.americancouncils.org/flextj пешниҳод намоянд.

Имсол, қисман бо сабаби пандемияи умумиҷаҳонии COVID-19, номзадҳо ба Барномаи мубодилаи Пешвоёни Оянда метавонанд аз аз макони дилхоҳе, ки Интернет дастрас бошад ширкат варзанд!

Зиёда аз 35 нафар ғолибон барои иштирок дар барнома барои соли таҳсилии 2021-2022 аз Тоҷикистон интихоб карда мешаванд. Ғолибон дар оилаи амрикоӣ зиндагӣ карда, дар мактаби миёнаи амрикоӣ таҳсил мекунанд ва дар курсҳои шиносоӣ ширкат меварзанд. Ин барнома инчунин сафар ба Иёлоти Муттаҳида ва бозгашт, кӯмакпулии моҳона барои хароҷоти шахсӣ ва суғуртаи тиббиро (ба истиснои ҳама гуна шароити пештар мавҷудаи тиббӣ) дар бар мегирад.

Барномаи FLEX аз ҷониби Конгресси ИМА бо мақсади тавсеа равобит байни мардуми ИМА ва Тоҷикистон таҳия шудааст. Ҳоло дар соли 29-уми мавҷудияти худ, барнома пурра аз ҷониби Ҳукумати ИМА маблағгузорӣ мешавад ва аз ҷониби Дафтари корҳои таълимӣ ва фарҳангии Департаменти давлатии ИМА идора карда мешавад. Ба ғайр аз Тоҷикистон, иштирокчиёни барнома аз Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Лаҳистон, Литва, Маҷористон, Молдова, Муғулистон, Озарбойҷон, Руминия, Словакия, Туркманистон, Узбекистон, Украина, Чехия, Эстония ва Юнон интихоб карда мешаванд.

Имтиҳони барномаи FLEX барои ҳамаи хонандагони мактабҳои миёна кушода аст ва барои иштирок кардан бояд ба талаботҳои зерин ҷавобгӯ бошанд:

  • шаҳрванди Тоҷикистон бошанд;
  • дар синфи 11-и мактаби таҳсилоти умумӣ таҳсил намоянд;
  • ба талаботи гирифтани раводиди( визаи) амрикоӣ ҷавобгӯ бошанд;
  • баъд аз 15 феврали соли 2003 ва то 31 декабри соли 2004 таваллуд шуда бошанд;
  • Дар 5 соли охир, 3-моҳ ё бештар аз он дар ИМА зиндагӣ накарда бошанд;
  • Забони англисиро дар доираи барномаи мактабӣ донанд.

Мо инчунин ҳамаи хонандагони дорои имкониятҳои маҳдудро барои инштирок дар озмун даъват мекунем; дар доираи ин барнома аллакай дар ИМА зиёда аз 400 нафар талабагони дорои имкониятҳои маҳдуд таҳсил кардаанд.

Онҳое, ки ба талаботҳои барнома ҷавобгӯ ҳастанд, метавонанд дархости худро пешниҳод намоянд, ки аз навиштани 3 иншо бо забони англисӣ иборат аст. Иштирокчиён бояд, ки маълумоти биографӣ ва скани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият (шиноснома ё шаҳодатномаи таваллуд), як акси 3×4 см ва маълумотнома аз мактаб, ки дар синфи 11 таҳсил карданашонро тасдиқ менамояд, пешниҳод кунанд. Дар маҷмӯъ озмун аз се давр иборат аст. Даъватнома барои супоридани имтиҳони даври 2-юм (тест бо забони англисӣ) дар муддати 48 соат пас аз пешниҳоди дархости даври 1-ум фиристода мешавад. Номзадҳои даври 3 (мусоҳиба) дар охири моҳҳои ноябр-декабр интихоб карда мешаванд.