Барномаи FLEX озмуни соли 2019-ро эълон менамояд

Бори дигар ба хонандагони мактабҳои миёна имконияти таҳсил ва зисти ройгон дар ИМА пешниҳод мешавад

Душанбе, 17-уми сентябри соли 2019 – Интихоби иштирокчиён ба барномаи стипендиалии мубодилаи хонандагони синфҳои болоии “FLEX” рӯзи 21-уми сентябр оғоз меёбад. Стипендияҳо барои таҳсили ройгон дар ИМА барои хонандагони синфҳои болоӣ пешниҳод мегарданд. Намояндагони барномаи FLEX аз рӯзи шанбе гузаронидани ду давраи аввали тестҳоро дар ёздаҳ шаҳри Тоҷикистон шурӯъ менамоянд.

Муовини директори Шӯроҳои амрикоӣ дар Тоҷикистон хонум Нона Маҷидӣ шарҳ медиҳад: “Одамон метавонанд чипта харида, ба Амрико сафар кунанд, ёдгориҳои таърихиро бинанд, хӯрокҳои амрикоиро бичашанд, аммо барномаи мубодилавии FLEX ба хонандагон имконият медиҳад, ки Амрикоро ройгон ва бештар аз сайёҳҳон бинанд, бо оилаи мизбони амрикоӣ зиндагӣ кунанд, як соли хониш дар мактаби амрикоӣ таҳсил кунанд!”

Соли ҷорӣ беш аз 35 ғолиб барои иштирок дар барномаи соли таҳсили 2020-2021 интихоб мегарданд. Ғолибон дар оилаи мизбони интихобгардида зиндагӣ мекунанд, дар мактаби миёнаи амрикоӣ таҳсил мекунанд ва барномаи шиносоиро мегузаранд. Барнома пардохти рафту омад аз хона то Иёлоти Муттаҳида, хароҷоти моҳонаи зиндагӣ ва суғуртаи тиббиро (ки табобати бемориҳои то  сафар ба ИМА вуҷуддоштаро дар бар намегирад) таъмин менамояд.

«Хусусияти барнома дар он аст, ки на танҳо даҳҳо хонандагон аз Тоҷикистон фарҳанги амрикоиро омӯхта, ҳамчун амрикоиён зиндагӣ мекунанд, балки оилаҳои қабулунанда ва ҷомеаи амрикоӣ низ дар баробари қабул кардани хонандагон бо фарҳанги Тоҷикистон шинос мешаванд», – мегӯяд Нона Маҷидӣ. «Ҳар сол оилаҳо бо камоли майл пухтани оши палаву  қурутобро меомӯзанд, аз идҳои миллии Тоҷикистон, ба монанди Наврӯз, огоҳ меёбанд».

Таъсиси барномаи мубодилавии FLEX аз ҷониби Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пешниҳод гардида буд, то ки ба мардуми ИМА ва Тоҷикистон дар афзудани ҳамдигарфаҳмӣ ёрӣ расонад. Барнома 28 сол вуҷуд дорад, аз ҷониби ҳукумати ИМА маблағгузорӣ мегардад ва аз тарафи Бюрои барномаҳои таҳсилотиву фарҳангии Департаменти давлатии ИМА идора мегардад. Барномаи FLEX ғайр аз Тоҷикистон дар Арманистон, Озарбойҷон, Чехия,Эстония, Маҷористон, Гурҷистон,Юнон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Литва, Молдова, Лаҳистон, Муғулистон,  Руминия, Словакия, Туркманистон ва Украина фаъолият мекунад.

Тестҳои барномаи FLEX  барои ҳамаи хонандагони мактабҳои миёнаи Тоҷикистон, ки ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошанд, гузаронида мешаванд:

  • Шаҳрванди кишвари имтиҳонсупоранда бошанд;
  • Дар синфи 11 таҳсил кунанд;
  • Баъд аз 15 феврали соли 2002 таваллуд шуда бошанд;
  • Дар панҷ соли охир бештар аз се моҳ дар ИМА зиндагӣ накарда бошанд;
  • Ба талаботи гирифтани визаи амрикоӣ мувофиқат кунанд;
  • Ба забони англисӣ хуб гап зананд.

Хонандагони маҳдудияти ҷисмонӣ дошта низ, ки ба талаботи озмун ҷавобгӯ ҳастанд, барои иштирок дар озмун даъват карда мешаванд. Аллакай зиёда аз 400 хонандагон бо маҳдудияти ҷисмонӣ дар Амрико аз рӯи ин барнома таҳсил намудаанд.

Онҳое, ки ба талаботи зикргардида мувофиқат мекунанд, барои иштирок дар давраи аввали имтиҳонот, ки аз тести 15-дақиқагии забони англисӣ иборат аст, даъват мегарданд. Довталабон бояд бо худ шаҳодатномаи таваллуд ё шиноснома ва акси наве (3х4) биёранд. 3 давраи тестӣ гузаронида мешавад. Давраи дуюм, одатан, рӯзи ояндаи давраи якум гузаронида мешавад.

Ҷадвали тестсупорӣ

Рӯз Соат Шаҳр Суроға
21 сентябр 9:00 Ғарм Мактаби № 1, к. С. Бурхон, 37
26 сентябр 14:00 Дарвоз Мактаби  № 1, к. С. Носир
28 сентябр 9:00 Хоруғ Мактаби таҳсилоти касбӣ ва давомдор (ДОМ), к. С. Ленина, 126
1 октябр 14:00 Мурғоб Мактаби  № 1, к. Ленина, 62
5 октябр 9:00 Кӯлоб Мактаби  № 53, к.И. Сомони, 42
6 октябр 9:00 Қӯрғонтеппа Литсеи № 1, к. Мирзокодирова, 13
10 октябр 9:00 Истаравшан Гимназияи № 5, к. А. Юнусова, 93
12 октябр 9:00 Хуҷанд Мактаби  № 23, 13-ум Микрорайон
12 октябр 11:30 Минтақаҳои берун аз Хуҷанд Мактаби  № 23, 13-ум Микрорайон
12 октябр 9:00 Панҷакент Мактаби  № 15, к. Рудаки, 61
12 октябр 9:00 Исфара Мактаби  № 2,  к. Саидон, 1
19 октябр 7:30 Душанбе – райони Шохмансур Мактаби  № 55, Хиёбони Айни, 46
19 октябр 9:30 Душанбе – райони Исмоили Сомони Мактаби  № 55, Хиёбони Айни, 46
19 октябр 11:30 Минтақаҳои берун аз Душанбе Мактаби  № 55, Хиёбони Айни, 46
19 октябр 13:30 Душанбе – районҳои Сино 1-2 Мактаби  № 55, Хиёбони Айни, 46
19 октябр 15:30 Душанбе – райони Фирдавсӣ Мактаби  № 55, Хиёбони Айни, 46