Барномаи FLEX озмуни соли 2017–ро эълон менамояд

Бори дигар ба хонандагони мактабҳои миёна имконияти таҳсил ва зисти ройгон дар ИМА пешниҳод мешавад.

Душанбе, 20-уми октябри соли 2017 – Интихоби иштирокчиён ба барномаи стипендиявии мубодилаи хонандагони синфҳои болоии “FLEX” рӯзи шанбе, 21 октябр оғоз меёбад. Стипендия барои таҳсили ройгон дар ИМА барои хонандагони синфҳои болоӣ пешниҳод мегарданд. Оғоз аз рузи шанбе, гуруҳи имтиҳонирандагони FLEX ду давраи аввали санҷишро дар нӯҳ шаҳри Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ менамоянд.

Муовини директори Шӯрои амрикоӣ дар Тоҷикистон хонум Нона Маҷидӣ шарҳ медиҳад, ки: “Ҳамагон метавонанд чипта харида, ба Амрико сафар кунанд, ёдгориҳои таърихиро бинанд, хӯрокҳои амрикоиро бичашанд, аммо барномаи мубодилавии FLEX ба хонандагон имконият медиҳад, ки Амрикоро ба таври ройгон, бештар аз сайёҳҳон омузанд. Онҳо имконяти бо оилаи мизбони амрикоӣ зиндагӣ карданро доранд ва як соли хониш дар мактаби амрикоӣ таҳсил мекунанд ва ҳамаи ин ройгон аст!”

Соли ҷорӣ беш аз 35 ғолиб барои иштирок дар барномаи соли таҳсили 2018-2019 интихоб мегарданд. Ғолибон дар оилаи мизбони интихобгардида зиндагӣ мекунанд, дар мактаби миёнаи амрикоӣ таҳсил мекунанд ва барномаи шиносоиро мегузаранд. Барнома инчунин хароҷоти сафар ба Иёлоти Муттаҳида ва бозгаштро ба уҳда мегирад, хароҷоти моҳонаи зиндагӣ ва суғуртаи тиббиро (ки табобати бемориҳои то сафар ба ИМА вуҷуддоштаро дар бар намегирад) таъмин менамояд.

«Хусусияти фарқкунандаи барномаи мазкур дар он аст, ки дар доираи он на танҳо даҳҳо хонандагон аз Тоҷикистон фарҳанги амрикоӣ ва тарзи ҳаёти амрикоиро меомузанд, балки оилаҳои қабулунанда ва ҷомеаи амрикоӣ низ дар баробари қабул кардани хонандагон бо фарҳанги Тоҷикистон шинос мешаванд», – мегӯяд Нона Маҷидӣ. «Ҳар сол оилаҳо бо камоли майл пухтани оши палавро меомӯзанд, аз идҳои миллии Тоҷикистон, ба монанди Наврӯз, огоҳӣ меёбанд».

Барномаи мубодилавии FLEX аз ҷониби Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъсис дода шуда, ба мардуми ИМА ва Тоҷикистон дар афзудани ҳамдигарфаҳмӣ ёрӣ мерасонад. Ин 26-ум сол аст, ки барнома аз ҷониби ҳукумати ИМА пурра маблағгузорӣ мегардад ва аз тарафи Бюрои барномаҳои таҳсилотиву фарҳангии Департаменти давлатии ИМА идора карда мешавад. Санҷишҳо инчунин дар Арманистон, Озарбойҷон, Эстония, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Литва, Молдова, Лаҳистон, Муғулистон, Руминия, Туркманистон ва Украина гузаронида мешаванд.

Санҷишҳои барномаи FLEX барои ҳамаи хонандагони мактабҳои миёнаи Тоҷикистон, ки ба талаботи зерин ҷавобгӯ мебошанд, озод астанд:

  • Шаҳрванди кишваре, ки дар он санҷиш гузаронида мешавад, бошанд;
  • Дар синфи 11 таҳсил кунанд;
  • Баъд аз 15 феврали соли 2000 таваллуд шуда бошанд;
  • Дар панҷ соли охир бештар аз се моҳ дар ИМА зиндагӣ накарда бошанд;
  • Ба талаботи гирифтани визаи амрикоӣ мувофиқат кунанд;
  • Ба забони англисӣ хуб гап зананд.

Хонандагони маҳдудияти ҷисмонӣ дошта низ, барои иштирок дар озмун даъват карда мешаванд. Аллакай зиёда аз 300 хонандагон бо маҳдудияти ҷисмонӣ дар Амрико аз рӯи барномаи мазкур таҳсил намудаанд. Онҳое, ки ба талаботи зикргардида мувофиқат мекунанд, барои иштирок дар давраи аввали имтиҳонот, ки аз санҷиши 15-дақиқагии забони англисӣ иборат аст, даъват мегарданд. Довталабон бояд бо худ шаҳодатномаи таваллуд ё шиноснома ва акси нави (3х4) биёранд. Санҷиш дар 3 давр гузаронида мешавад. Давраи дуюм, одатан, рӯзи ояндаи давраи якум гузаронида мешавад.

Ҷадвали санҷишҳo:

Fарм
21 октябр – 9:00, Мактаби № 1 – к. С. Бурҳон, 37

Хоруғ  
21 октябр – 9:00, Мактаби 2, ба номи Давлаталӣ Шабдолов – к. Ленина, 137

Мурғоб
24 октябр – 9:00, Мактаби № 1 – к. Ленин, 62

Исфара
30 октябр – 14:00, Маркази таҳсили иловагии №1 – к. Сайфи Исфарангӣ, 20

Кӯлоб  
28 октябр – 9:00, Мактаби № 53 – к. И. Сомонӣ, 42

Хуҷанд
28 октябр – 9:00, Мактаби № 12 – х. И. Сомонӣ, 166

Қӯрғонтеппа     
29 октябр – 9:00, Литсеи № 1 – к. Мирзоқодирова, 13

Панҷакент         
04 ноябр – 9:00, Мактаби № 15 – к. Рудакӣ, 61

Душанбе
11 ноябр – 9:00, Мактаби № 15 – Хиёбони. Айнӣ, 46

Тамос:
Дилрабо Иномова
Ҳамоҳангсози барномаи FLEX дар Тоҷикистон
Тел .: 221 2103; 44-6004490
Email: flex@americancouncils-tj.org