Сафорати ИМА дар Тоҷикистон бо хушнудӣ эълон менамояд, ки фестивали ҳарсолаи Go Viral бори аввал дар Душанбе, 14 ва 15 сентябри соли 2019 дар Маркази Исмоилияи Душанбе баргузор мегардад. Рӯзи шанбе 14-уми сентябр фестивал аз соати 12:00 то 18:00 ва рӯзи якшанбе, 15-уми сентябр – аз 10:00 то 17:00 баргузор мегардад. Сабти ном барои иштирок дар Go Viral 2019 дар вебсайти фестивал www.goviral.tj кушода аст ва хоҳишмандон метавонанд дархостҳои худро барои иштирок то 10 сентябр пешниҳод намоянд.
Go Viral ин фестивали байналмиллалист, ки навоварони ВАО, бизнес ва технологияҳои Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро барои омӯхтани навтарин тамоюлҳо ва ғояҳои олии мутафаккирон ва пешвоёни афкори соҳаҳои гуногун муттаҳид мекунад. Сухангӯёни фестивал мутахассисони фаъол, эҷодкор ва ғамхор аз ИМА ва Осиёи Марказӣ мебошанд.
Go Viral он майдони мусоидест, ки дар он одамон метавонанд мубодилаи ғояҳо кунанд, дар якҷоягӣ барои рафъи мушкилот кор кунанд ва ба ҳамдигар илҳом бахшанд, то ки якҷоя эҷод намоянд. Ҳангоми муошират бо беш аз 34 нафар сухангӯён аз Иёлоти Муттаҳида ва Осиёи Марказӣ, иштирокчиёни фестивал имконият пайдо мекунанд, оиди он ки чӣ тавр технологияҳо метавонанд ба тарзи пешбарии тиҷорат, дарк кардани санъат ва фарҳанг, мубодила ва гирифтани иттилоот таъсир расонанд, маълумот пайдо кунанд.
Ҷаласаҳои панелӣ, семинарҳо, баромадҳои мусиқӣ, намоиши филмҳо дар барномаи се бахши зерини фестивал : ВАО, бизнес ва технология хоҳанд буд. Сухангӯён мавзӯъҳои зеринро ба монанди монетизатсияи бизнес, эҷоди мавод бо мавзую мундариҷаи тиҷоратӣ, василаҳои нави ВАО, гузориш, таҳлил ва коркарди маълумот, соҳибкорӣ ва оғози соҳибкорӣ ва ғайра баррасӣ мекунанд.
Саҳифаҳои иҷтимоии моро дар Facebook, Instagram ва Telegram ва бо хештеги #GoViralTj пайгирӣ намоед.
Тамос барои саволҳо ва дархостҳои мусоҳиба бо маърӯзачиён:
Соро Мародалиева
Ҳамоҳангсози робита бо ВАО
Шӯъбаи робита бо ҷомеа, Сафорати ИМА
Email: MarodalievsSZ@state.gov
Тел: +992 98 580 07 08
