«Забони англисӣ бидуни сарҳадҳо» – шабакаест барои дастгирии муаллимон ва донишомӯзони забони англисӣ дар донишгоҳ, мактаб ва муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, тавассути ташкил намудани вебинарҳо, ҷаласаҳои омӯзишии онлайн ва иштироки шахсӣ, ярмаркаҳои таълимӣ, робитаи шарикӣ ва таҳияи маводҳои муосири педагогӣ ва методологӣ, таъсис дода шудааст. Лоиҳаи мазкур ниёзи муаллимони забони англисӣ, ки дар сатҳи донишгоҳ ва мактабхои таҳсилоти умумӣ кору фаъолият доранд, муайян намуда, ба онҳо имконияти иштирок ва гирифтани грантҳои хурд барои гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ дар ҷомеаҳои худ, фароҳам месозад. Шабакаи «Забони англисӣ бидуни сарҳадҳо» манбаъҳои муфид ва имкониятҳои ҷолибро барои аъзоён тавассути сомона ё платформаи мобилии «Забони англисӣ бидуни сарҳадҳо» пешниҳод мекунад.
Ғайр аз он, аъзоёни шабакаи мазкур метавонанд дар озмуни «Муаллими забони англисӣ дар соли 2021», ки барои ҳамаи омӯзгорони забони англисӣ дар саросари Тоҷикистон дастрас аст ва, инчунин, дар Конфронс ва намоигшоҳи Экспо «Забони англисӣ бидуни сарҳадҳо», ки тирамоҳи соли 2021 баргузор мегардад, ширкат варзанд. Узвият дар шабакаи «Забони англисӣ бидуни сарҳадҳо» (EWB) ба омузгорон имкон медиҳад, ки дониш ва малакаи худро сайқал дода, қисми фаъоли ҷомеаи худ гарданд ва дар рушду такмили таълими забони англисӣ дар Тоҷикистон саҳми мусбат гузоранд.
Барои ҳамроҳ шудан ва ё гирифтани маълумоти иловагӣ дар бораи ин шабака, лутфан ба сомонаи www.ewb.tj гузаред ё бо кормандони лоиҳаи «Забони англисӣ бидуни сарҳадҳо» тавассути info@ewb.tj дар тамос шавед.