Ҷойҳои кор дар Сафорат!

Шўъбаи захираҳои инсонӣ дар тобеяти Шўъбаи мудирияти сафорати ИМА қарор дорад ва масъули мудирияти вазифаҳои корӣ, истихдом, эълон барои ҷойи холии кор, анҷом додани мудирият ва шуғлҳои вобаста ба муқаррарот мебошад. Навъҳои ҷойҳори корӣ дар сафорат доираи васеи ўҳдадориҳо ба монанди нигоҳдорӣ, харидорӣ ва муҳосиба, корҳои ҷамъиятӣ, хадамоти раводид, таҳлили сиёсӣ ва иқтисодӣ, мудирияти марз ва ҳамкории низомиро фаро мегирад.

Мо ба тафаккур ва ташаббуси мустақил, бовиҷдонии касбӣ ва шахсӣ, вафодорӣ ва қобилияти кор кардан дар ҳайати даста (тим) арҷ мегузорем. Агар шумо мехоҳед, ки дар сафорати ИМА дар Душанбе кор кунед, ба таври мунтазам ба сафҳаи англисии сафорат барои огоҳӣ ёфтан дар бораи ҷойҳои холии корӣ ворид шавед.

Шумо метавонед аз тариқи э-мейл бо шўъбаи Захираҳои инсонӣ робита барқарор кунед: Dushanbe_Jobs@state.gov