Оҷонсии USAID

Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) бо мардуми Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани ҳосилнокии соҳаи кишоварзӣ ва сатҳи даромади аҳолӣ, беҳбуд сохтани вазъи тандурустӣ ва таъмини озуқаворӣ, тақвияти таълими ибтидоӣ ва такмили сохтори ҳокимият ҳамкорӣ менамояд. Кӯмаки USAID дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ бо роҳи пиёдасозии барномаи Ҳукумати ИМА “Озуқаворӣ ба хотири фардо”, ки ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва даромаднокии соҳаи кишоварзӣ равона гаштааст, ҳамчунин ба воситаи мусоидат дар ислоҳоти сохтории кишвар ба хотири беҳбудии муҳити сармоягузорӣ ироа мегардад. USAID ҳамчунин дар самтҳои тақвият додани ҳокимияти маҳаллӣ, такмили Стратегияи миллӣ оид ба тандурустиву маориф ва пешгириву табобати ВИЧ\СПИД ва туберкулёз фаъолият мебарад. Бо дарки даври меҳварии мамлакат дар таъмини амният ва рушди тиҷорати минтақа, USAID кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки аз фаъолияти он на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ баҳра бардоранд.

Фаъолияти мо

Кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ

USAID мақсад дорад сатҳи амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистонро, ки яке аз кишварҳои зерҳадафи барномаи “Озуқаворӣ ба хотири фардо” – ташаббуси Ҳукумати ИМА барои таъмини амнияти озуқаворӣ дар саросари ҷаҳон мебошад, баланд бардорад. Панҷ дар сади деҳқонони Тоҷикистон аз тренингҳои USAID оиди истифодаи технологияҳои муосир ва идоракунии шабакаҳои обёрӣ баҳра мегиранд. Бо кӯмаки USAID ба Қонуни ҶТ оид ба замин тағйироту иловаҳо ворид карда шудаанд, ки онҳо барои ба фурӯш баровардани ҳуқуқи истифодабарии замин имкон фароҳам оварда, ҳамчунин ҳуқуқи занон барои моликият ба заминро таъмин менамоянд. Таъсиси 52 ассотсиатсия ва 4 федератсияи истифодабарандагони об имконоти деҳқонон барои обёрӣ намудани заминҳои киштро афзун менамояд. Дар тӯли солҳои 2010 – 2012 USAID барои таъмиру тармими 57 системаи оби нӯшокӣ зиёда аз 1,7 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ намудааст, ки дар натиҷа зиёда аз 190 ҳазор сокинони ҷумҳурӣ бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гаштаанд.

Демократия, ҳуқуқи инсон, ҳокимият

Бо мақсади таъмини субот дар минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон USAID кӯшиш ба харҷ медиҳад, то тарзи ҳокимияти одилонаро тарғиб намуда, иштироки намояндагони қишрҳои дар ҳошиямондаи аҳолӣ дар барқароркунии иқтисодиву иҷтимоии кишварро таъмин кунад. USAID дар такмили қонунгузории Тоҷикистон оид ба воситаҳои ахбори омма, таълими рӯзноманигорону менеҷерони ВАО ва таъсиси Анҷумани васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) саҳм гузошта, дар таҳийа намудани маводи телевизионӣ ба ВАО-и электронии мустақил кӯмак расонидааст. USAID ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва васоити ахбори оммаро ҷиҳати навгониҳо дар қонунгузории кишвар оид ба сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ таълим медиҳад. Зиёда аз 60 дар сад аз 3000 созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ҳангоми аз сари нав сабти ном шуданашон аз кӯмаки USAID истифода кардаанд.  USAID дар таҷдиди стратегия ва сиёсати мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ширкат намуда, намояндагони ин мақомотро оиди баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ таълим медиҳад.

Рушди иқтисод ва савдо

Дар соҳаи энергетика USAID ҳамкории бештари байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунии ҳамкории байни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубиро талқин намуда, ба ин хотир дар таъсис додани бозори рақобатпазири қувваи барқ кӯмак мерасонад, ки ин бозор барои ба қувваи барқ дастрасӣ ёфтани аҳолии Тоҷикистон ва ба эътидол овардани қиммати он мусоидат менамояд.

Таҳсилот 

USAID ба Тоҷикистон дар ҷорӣ намудани усулҳои пешқадами таълим, ки тафаккури интиқодӣ ва тарзи интерактивии омӯзишро талқин менамоянд, кӯмак расонидааст. Ба хотири такмил додани низоми идоракунии молиявии мактабҳо дар саросари ҷумҳурӣ USAID барномаҳоеро пиёда месозад, ки тибқи онҳо ба муҳосибони мактабҳои миёна тарзи ҳисоб намудани маош, баҳисоб гирифтани хароҷоти рӯзмарра, идоракунии дороиҳо ва феҳристи амвол, ҳисобу китоби маблағҳои ғайрибуҷавӣ ва тартиб додани баланси ҳарсоларо меомӯзанд.

Тандурустӣ дар саросари ҷаҳон

Барномаҳои USAID сатҳи хизматрасонӣ ба мардуми дар маърази хатар воқеъбударо ҷиҳати пешгирӣ ва табобати ВИЧ\СПИД ва туберкулез беҳтар менамоянд. USAID ҳамчунин дар самти баланд бардоштани сатҳи таъмини оби нӯшокӣ, беҳтар намудани сиҳативу таъмини ғизои модару кӯдак ва паст кардани сатҳи бемориҳои аз об хуруҷкунанда кор мебарад.

Кор дар минтақаҳои бӯҳронӣ ва гирифтори низоъ 

USAID ба Тоҷикистон дар паси сар кардани бӯҳрони гуманитарӣ, ки дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандии соли 1992 сар зада буд, кӯмаки ҳамаҷониба расонидааст. Аз с. 1994 то 1997 USAID тақрибан 500 000 нафар шаҳрвандонро бо маводи хӯрока таъмин намуда, ба 40 000 нафар имкони дастрасӣ ёфтан ба оби тозаи нӯшокиро муҳайё сохтааст. Ҳамчунин, зиёда аз 62 000 нафар сокинони мамлакат бо кӯмаки барномаҳои USAID тавонистаанд, ки хонаҳои харобшудаи худро барқарор намоянд. Ғайр аз ин, зиёда аз 140 000 хонаводаи тоҷик аз кӯмаки барномаҳои USAID дар самти барқарорсозии бинои мактабҳову беморхонаҳо, системаи таъмини оби нӯшокив каналҳои обёрикунанда, истгоҳҳои барқӣ ва ғайра баҳравар гаштаанд, ки аз ҷониби Дафтари СММ оиди амалисозии лоиҳаҳо (UNOPS) пиёда шудаанд.

Нуктаҳои барҷастаи фаъолияти мо:

  • USAID ба анқариб 200 000 кас имкони дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокиро фароҳам овардааст.
  • USAID ба 89 нафар донишҷӯёни афғон кӯмаки ҳазина додааст, ки 75 дар сади онҳо пас аз хатми донишгоҳҳо тавонистаанд соҳиби кор гарданд.
  • USAID ба зиёда аз 20,000 нафар касоне, ки дар маърази хатари ВИЧ\СПИД қарор доранд, оиди ташхиси беморӣ ва роҳҳои пешгирии он маълумот додааст.

Питер Райли
Роҳбари намояндагии USAID дар Тоҷикистон