Шӯъбаи минтақавӣ оид ба бехатарӣ

Бюрои амнияти дипломатӣ масъули таъмини муҳити бехатар ва амният барои пешрафти дипломатияи Амрико мебошад. Агентҳои махсуси Хадамоти амнияти дипломатӣ тобеи Миссияи дипломатии хориҷии ИМА ҳамчун Маъмурони амниятии минтақавӣ мебошанд ва ҳамчун мушовири шахсӣ ба сардори миссия дар бораи ҳамаи масъалаҳои амниятӣ тобеъ мебошанд ва ҳамаи паҳлуҳои барномаи амниятии миссияро ҳамоҳанг мекунанд. Онҳо барномаҳои муассири амниятиро барои ҳимояи кормандони мо аз ҳамлаҳои террористӣ, ҷиноятӣ ва техникӣ ҳам дар маќоми хидмат ва ҳам дар манзили онҳо таҳия ва амалӣ мекунанд. Маъмурони амнияти минтақавӣ ҳамчун робитаи зинаи аввал бо хадамоти хориҷии политсия ва амният барои дарёфт кардани дастгирӣ ба ибтикорҳои ИМА оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва тафтишот хидмат мекунад.

Дафтари амнияти минтақавӣ барномаи ҳимоятиро хориҷ аз кишвар барои амнияти дипломатӣ идора мекунад ва он мудирияти Ҳифозати амнияти баҳрӣ, Нирўҳои маҳаллии ҳифозатӣ, Нерўҳои посбонии амнияти резидентӣ ва барномаҳои дигарро ба мақсади ҳифозати миссияи Амрико анҷом медиҳад. Дафтари амнияти минтақавӣ ҳамчунин аз наздик бо ниҳодҳои гуногуни федералӣ, давлатӣ ва маҳаллии ҳифзи ҳуқуқ дар Иёлоти Муттаҳида оид ба тафтишот ва робитаҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад.

Дафтари амнияти минтақавӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвари мо ва ҳамкорони амниятӣ аз Ҳукумати Тоҷикистон барои анҷоми миссияи муштарак ҳамкорӣ мекунад.Дафтари амнияти минтақавӣ барои кормандони тозаворид, соҳибкорон, созмонҳои байналмилалӣ ва миссияҳои дўстона дастурҳои лозимро таъмин менамояд. Дафтари амнияти минтақавӣ метавонад иттиллоотро дар бораи таҳдидҳои терроризм ва ҷинояткорӣ ба шаҳрвандони Амрико аз тариқи таъйини мулоқот бо Шўъбаи консулӣ таъмин намояд.

Чейсон Пфистнер
Cардори шӯъбаи минтақавӣ оид ба бехатарӣ