Шӯъбаи равобит бо ҷомеаи Сафорати ИМА дар Душанбе барои густариши робитаҳои дуҷониба миёни Иёлоти Муттаҳида ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи чорабиниҳо ва барномаҳое фаъолият мекунад, ки сиёсати хориҷии ИМА-ро инъикос мекунанд ва ҳусни тафоҳумро дар миёни ду кишвар танзим менамоянд.
Шӯъбаи равобит бо ҷомеа барои иҷрои ин кор иттилоотро дар бораи муассисаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва ҳамчунин сиёсатҳои ИМА оид ба ҳамаи масъалаҳои мавриди таваҷҷўҳ дар минтақа ба ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор мекунад.
Ғайр аз ин, Шӯъбаи равобит бо ҷомеа барномаҳои мубодилавии омўзишӣ ва фарҳангиро ба субут мерасонад, воситаҳои мустақил ва озоди ахбори оммаро дастгирӣ мекунад, иттилоот ва захираҳоро вобаста ба рушди демократия, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар паҳлўҳои фарҳангии Амрико таъмин менамояд.
Пабло Тутилло
и.в. Масъули бахши робита бо ҷомеа