Шўъбаи сиёсӣ/иқтисодии сафорат дар Душанбе бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интихоби самтҳои калидии дуҷониба мутобиқи афзалиятҳои миссияи ИМА кор мекунад: тақвияти рушди иқтисодӣ, пешбурди фаъолиятҳо ва ниҳодҳои демократӣ ва фаъолият дар самти субот ва амнияти минтақавӣ ҳадафҳои асосии он мебошанд.
Шўъбаи мазкур бо 8 нафар масъулон масъалаҳои гуногунро аз ќабили бахшҳои вижаи иқтисод ба монанди энергия, телекоммуникатсия, бонкдорӣ, рушди соҳибкории хурд ва миёна ва ислоҳоти маъмурӣ ва танзимкунанда то ҷомеаи шаҳрвандӣ, интихобот ва фаъолиятҳои созмонҳои ғайридавлатӣ назорат ва таҳлил мекунад. Ин шўъба ҳамчунин дар бораи ҳуқуқи башар, озодии дину мазҳаб, қочоқи инсон, мубориза бо терроризм, масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва кишоварзӣ гузориш омода месозад. Шўъба ба таври мунтазам мубоҳисаҳои мизи мудаввар ва суханрониҳоро дар бораи чорабиниҳои гуногун дастгирӣ мекунад.
Дар ҳамкорӣ бо кормандони маҳаллӣ аз Шўъбаи тиҷорат мо сармоягузории Амрико ва имкониятҳои онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш мебарем. Дар ҳамкорӣ бо Бунёди ЕврАзия (Осиёи Марказӣ) мо барои рушди фаъолияти Палатаи тиҷорати Амрико дар Тоҷикистон кор мекунем.
Эрик Коллингз
Роҳбари шуъбаи масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ