Шуъбаи Байналмилалии мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ (INL) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши асосиро дар рушди сиёсатҳо ва барномаҳо ҷиҳати мубориза бо маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар сатҳи байналмилалӣ ифо мекунад. Шўъбаи мазкур бо тақвияти системаҳои адлияи ҷиноӣ, мубориза бо воридшавии ғайриқонунии маводи нашъаовар, то ҳадди ақал коҳиш додани ҷиноятҳои фаромиллӣ (трансмиллӣ), дар пешбарии рушд ва танзими замонии (синхронизатсияи) сиёсатҳо ва кумакҳои ИМА оид ба тақвияти қонунгузории байналмилалӣ нақши калидӣ дорад. Ҳадафи ин шўъба то ҳадди ақал коҳиш додани таъсири ҷинояткории байналмилалӣ ва маводи нашъаовари ғайриқонунӣ ба ИМА ва шаҳрвандони он аз тариқи таъмини кумаки таъсирбахши хориҷӣ ва аз тариқи тақвияти ҳамкории байналмилалӣ мебошад.
Шуъбаи Байналмилалии мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии дар Тоҷикистон аз ҷониби маъмури хадамоти хориҷӣ ва шомили Мушовири калон оид ба ҳифзи ҳуқуқ, мушовир оид ба масъалахои ҳуқуқӣ ва соҳибкорони маҳаллии тоҷик идора мешавад. Ин Шўъба бо барномаҳои пулис, амнияти сарҳадӣ, хариду фуруши одамон, зуроварии хонавода, мубориза бо маводи нашъаовар, волоияти қонун ва зидди ҷинояткорӣ аҳамияти махсус дода дар ин равияҳо кор мекунад.
Шуъбаи Байналмилалии мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Департаменти Давлатии Ҳукумати ИМА дар Душанбе кўмаки техникӣ вобаста ба ҳифзи қонун, амнияти марз ва адлияи ҷиноиро дар Тоҷикистон ҳамоҳанг ва амалӣ менамояд, ки аз тарафи Департаменти давлатӣ бар асоси созишномаи дуҷонибаи ИМА/Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ менамояд. Дафтари мазкур бо Кумитаи амнияти миллӣ, Хадамоти сарҳадбонӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, Вазорати корҳои хориҷӣ, Хадамоти гумрук ва муассисаҳои дигар барои мубориза бо терроризм, ҷинояткории муташаккилона, қочоқи инсон ва пешбарии ислоҳоти бахши адлия ва волоияти қонун ба таври босамар кор мекунад.