Барномаи Таъмини назорати содирот ва бехатарии марзҳо

Барномаи Таъмини назорати содирот ва кумаки марбут ба амнияти сарҳадӣ натиҷаи ибтикори Департаменти давлатии ИМА мебошад, ки доираи васеи кўмакҳои амалиро вобаста ба ниёзҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд. Ин кўмак ба муассисаҳои ҳукуматӣ расонида мешавад, ки ба амнияти сарҳадот, назорати содирот ва тафтишоти марбут ба паҳнкунии силоҳҳои қатли ом машғул мебошанд. Мақсади барномаи EXBS кўмак кардан ба ниҳодҳои ҳукуматӣ ҷиҳати афзоиш додани кўшишҳо барои бозрасӣ, пешгирӣ, тафтиш ва таъқиби дарёфтҳои ғайриқонунӣ ва ҳаракати силоҳҳои қатли ом ва фановарии (технологияи) стратегӣ мебошад. Кўмакҳои мазкур ба муассисаҳои ҳифзи сарҳадот, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, прокурорҳо ва мақомоти иҷозатномадиҳии воридот ва содирот кўшишҳои онҳоро барои назорати сарҳадот, пешгирӣ кардани паҳншавии силоҳҳои ќатли ом, колоҳо ва маводи стратегӣ тақвият медиҳад.

То имрўз барномаи EXBS беш аз даҳ миллион доллар барои бозомўзӣ ва таъмини таҷҳизот барои дастгирии кўшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амнияти сарҳадот, назорати содирот, паҳн накардан ва мубориза бо терроризм таъмин намудааст.

Мэттю Сиюда
Сардори Барномаи Таъмини назорати воридот ва бехатарии марзҳо