Фаъолияти мо
Ҳамкориҳои Маркази ИМА оид ба назорат ва пешгирии бемориҳо (CDC) бо Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 1995 оғоз гардида, ҳадафи он таҳкими тавонмандӣ барои ошкор, пешгирӣ ва назорати бемориҳо ва вокуниш ба таҳдидҳои саломатии ҷомеа дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Соли 2010, CDC ба татбиқи фаъолиятҳо, вобаста ба ВНМО/БПНМ, тавассути Нақшаи фавқулоддаи Президенти ИМА оид ба рафъи БПНМ (ПЕПФАР) барои таҳкими барномаҳои пешгирӣ, нигоҳубин ва табобати ВНМО, баланд бардоштани иқтидори системаи тандурустӣ, оғоз кард. Ин татбиқи барномаҳои намоишӣ, дар асоси далелҳои илмӣ, барои муайян кардани усулҳои камхарҷи расонидани хизматрасонӣ ва тавсеаи хидматрасониҳо оид ба пешгирӣ ва табобат барои аҳолии калидиро дар бар мегирад.
ВНМО/БПНМ: Ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО-и Вазорати тандурустӣ ва Маркази ҷумҳуриявии наркологӣ (МҶН) барои таъмини зери назорат қарор додани эпидемия дар Тоҷикистон, муҳим боқӣ мемонад. СВС Вазорати тандурустиро дар самтҳои зерин дастгирӣ мекунад: пешгирии ВНМО, аз ҷумла табобати вобастагӣ аз нашъамандӣ бо доруворӣ (MAT); машварат ва санҷиши ВНМО; таҳкими иқтидори озмоишгоҳҳо; нигоҳубин ва табобати беморон бо ВНМО; ва системаҳои иттилоотии стратегӣ.
Ташаббусҳои барномаи умумиҷаҳонии тандурустӣ: Барномаҳо ба монанди ПЕПФАР ба таъсиси иқтидори бунёдии системаи тандурустии ҷамъиятӣ ва қувваи корӣ барои пешгирӣ, ошкор ва вокуниш ба таҳдидҳои саломатӣ кӯмак карданд. Ташаббусҳои дигари пешбари CDC, ба монанди Барномаи таълимии эпидемиологияи амалӣ (ФЕТП), иқтидори кормандони соҳаи тибби кишварро тавассути омӯзонидани мутахассисони соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ, бо малакаҳои ҷамъоварии маълумот дар бораи беморӣ таъмин намудани онҳо, ошкор кардани эпидемияҳо ва омодагӣ барои вокуниш ба эпидемияҳо, тақвият медиҳанд.
Дар вокуниш ба пандемияи COVID-19, CDC Тоҷикистонро, бо истифода аз системаҳои мавҷудаи тандурустии ҷамъиятӣ, барои интиқоли ваксинаҳои COVID-19, таҳкими системаҳои ташхиси лаборатории SARS-CoV-2, вирусе, ки боиси пайдошавии COVID-19 мегардад ва пешниҳоди тавсияҳо барои ба коҳиш додани бемории сироятӣ дар кишвар ва берун аз марзи он, дастгирӣ намуд.
CDC, чун ҳарвақта, ҷонибдори дастгирии Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва дигар шарикон, барои ноил шудан ба ҳадафҳои солимии ҷамъиятӣ, мебошад.