Бахшҳо ва кормандони сафорат

Сафири ИМА дар Тоҷикистон Сафир Мануэл Микаллер ва Муовини роҳбари намояндагӣ Керри Ли намояндагии дипломатиро сарварӣ мекунанд.  Ин маъмурон «қисмати роҳбариро» ташкил медиҳанд ва масъули ҳамаи бахшҳои сафорати ИМА дар дохили кишвар мебошанд.  Дар баробари Сафир ва муовини ӯ, шўъбаҳои сершуморе дар сафорат мавҷуданд, ки кори сафорати ИМА-ро дар Тоҷикистон анҷом медиҳанд.

Шуъбаи консулӣ масъули ҳимоя ва расонидани кўмак ба амрикоиёне мебошад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва хадамоти вобаста ба раводидро идора мекунад.

Шуъбаи равобит бо ҷомеа сухангўи сафорати ИМА мебошад ва хадамоти вобаста ба матбуот ва иттилоотро ба хабарнигорон ва дигар сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намуда, ҳамчунин дастгирии барномаҳои мубодилавӣ, ташкили рўдодҳои фарҳангӣ ва идораи барномаҳои грантҳои хурдро анҷом медиҳад.

Шуъбаи сиёсӣ/иқтисодӣ рушди сиёсӣ ва таъсири билқувваи он ба манфиати ИМА, тамоюлҳои макроиқтисодӣ ва сиёсатҳои тиҷоратӣ ва истифодаи онҳоро дар сиёсатҳо ва барномарезиҳои ИМА таҳлил мекунад ва гузориш медиҳад.

Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) кўмакҳо барои рушдро таъмин менамояд.

Шуъбаи Байналмилалии мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ (INL) нақши асосиро дар рушди сиёсатҳо ва барномаҳо ҷиҳати мубориза бо маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар сатҳи байналмилалӣ бозӣ мекунад.

Намояндаи Барномаи назорати содирот ва кўмаки марбут ба амнияти сарҳадӣ (EXBS) кумаки фаннӣ ва машваратиро ба хадамоти гумрук ва ҳифзи сарҳадот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.

Шуъбаи ҳамкории ҳарбӣ фаолиятҳои вобаста ба кўмаки амниятии Вазорати дифои ИМА ва Агентии амнияти мудофиа ва кумакро идора мекунад.

Шуъбаи атташеи ҳарбӣ масъули робитаҳои дуҷонибаи низомӣ мебошад.

Шуъбаи амнияти минтақавӣ муҳити бехатар ва амнро барои кормандони сафорат дар ҷиҳати иҷрои ўҳдадориҳои расмии онҳо таъмин менамояд.

Ҳадафи Маркази ИМА оид ба назорат ва пешгирии бемориҳо (CDC) таҳкими тавонмандӣ барои ошкор, пешгирӣ ва назорати бемориҳо ва вокуниш ба таҳдидҳои саломатии ҷомеа дар Осиёи Марказӣ мебошад.